Дарёдор Алӣ Шамхонӣ: “Зиндаам ва ин тани захмхӯрда, сипар балои миллат хоҳад буд”

Дарёдор Алӣ Шамхонӣ: “Зиндаам ва ин тани захмхӯрда, сипар балои миллат хоҳад буд”

Байналмилал

Мушовири сиёсии раҳбари Ҷ.И.Эрон ва вазири дифои пешини Эрон, хитоб ба мардуми Эрон паёме мунташир кард.

Ба гузориши Исно, вай навишт, дуруди Худованд бар шумо, ки сутунҳои иззати ин сарзаминед; дуруд бар Эрони пурифтихор ва ҳамосасоз, ки насл ба насл далеронашро ба майдон фиристод ва номашро бо шуҷоат ва поймардии мардон ва занонаш шӯҳраи таърих кард.

Вай афзуд: имрӯз, дар ҳоле, ки нафасҳоям ҳанӯз ба захмҳои тан баста ва қалам дар дастам аз заъф меларзад, бо савганд ба хуни шаҳидони ин хоки муқаддас, он қадр дар рагҳоям азму ғайрат ҷорист, ки сукутро хиёнат ба шаҳидон медонам.

Вай тасреҳ кард: “Ҳозирам на як бор, ки сад бор фидои ин хок ва мардуми бемонандаш бошам… Омодаам дар тӯфони мушакҳои душмани саҳюнӣ, фарёди “Ё Заҳро (с)!” сар диҳам ва номи Эронро чун парчам дар баландои таърих афрошта нигоҳ дорам…”

Гуфтанист, ӯ дар рӯзи нахустини ҳамлаи саҳюнистҳо терур ва ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд.

Isna

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Эрон идома дорад
Шабакаи NBC-и Амрико аз заъфи шадиди амалкарди падофанди зиддиҳавоии Исроил парда бардошт

Матолиби пурбоздид