Дастгирии ҳашт ҷосуси исроилӣ  дар Туркия

Дастгирии ҳашт ҷосуси исроилӣ  дар Туркия

Ахбори байналмилал

Вазорати кишвари Туркия аз дастгирии ҳашт фард ба иттиҳоми ҷосусӣ барои режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз хабаргузори Анодулӣ, Вазорати кишвари Туркия дар баёнияе дар ин бора эълом кард:

“Як тими ҳаштнафараро, ки барои дастгоҳи иттилооти Исроил ҷосусӣ мекарданд дастгир кардем.”

Вазорати кишвари Туркия эълом кард, ки аъзои ин тим иттилоотеро аз афрод ва ширкатҳо барои “Мусод” ҷамъоварӣ мекарданд.

Дастгоҳи амниятии Туркия моҳи гузашта низ ҳафт муттаҳам ба фурӯши иттилоот ба “Мусод”-ро боздошт карда ва аз талоши ин созмони ҷосусӣ барои дастёбӣ ба иттилооте дар бораи аҳдофи мушаххасе аз тариқи муздурони худ дар Туркия хабар дода буданд. Масъулони амниятии Туркия пештар низ 33 фарди мазнун ба робита бо “Мусод”-ро дастгир карда буданд.

Дар чанд соли ахир ва ба рағми иртиботи хуби Онкоро–Телавив, борҳо шабакаҳои ҷосусии “Мусод” дар Туркия кашф шудааст.

Соли гузашта манобеи расонаии Туркия аз кашф ва инҳидоми як шабакаи бузурги фаъол ва байналмилалии ҷосусии мутаъаллиқ ба “Мусод” дар шаҳри Истанбул ва дастгирии теъдоде аз авомили он хабар дода буданд.

Irna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар ботилро натавон соқит кард…
Ахлоқ ва ҳуқуқ дар ислом

Матолиби пурбоздид