Дафтари андешаҳо

Дафтари андешаҳо

Аз дафтари андешаҳои Устод Луқмон Бойматов

Доираи ҳастии ҳақ маҳдуд нест. Худованд дур нест, инсонҳоянд, ки хештанро аз Ӯ-и танҳо бар дур гирифтаанд.

***
Огоҳ бояд шуд, чун оғози бунёди саъодати хеш ва ободии меҳан аз худшиносист.
* * *
Руҳу Ишқ ва Зебоӣ, дар воқеъ чеҳраи аслии Ҳақиқатанд.
* * *
Имони ҳақиқӣ дар виҷдон ва садоқати шахсият ошкор мегардад.
* * *
Ҷонкоҳтарин яъс он бошад, ки мутмаинтарин ашхос ханҷари хиёнат бар синаи Садоқат мезананд.
* * *
Дар сухан гуфтан ҳам ҳаё кун! Агар дар гуфторат ҳисси ҳаё нест, яқин медоранд, ки рафторат низ тибқи пиндорат аст.
* * *
Тафаккур ойинаи шахсият аст.
* * *
Ӯ аз ин ки имрӯз иззаташро хор карданд, шодмон буд, чаро ки ҳамеша аз ситоишгаронаш меҳаросид.
* * *
Ҳар зараре ақле зиёда кунад.
* * *
Мардум покиро фаромӯш карда, намехоҳанд бифаҳманд, ки рӯшаноии олам аз ихлосу нияти пок аст.
* * *
Худ зиндагӣ дарёи дониш ва ҳар зарраи хоки Замин маъбад аст.

(Манбаъ: “Фиребхӯрдагонем”, Луқмон Бойматов) 

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кишварҳои Халиҷи Форс аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳанд?
Гулистон

Матолиби пурбоздид