Даҳ гуфтор – XIX

Даҳ гуфтор – XIX

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нуздаҳум

Раҳбарии насли ҷавон

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ ۖ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ

(Сураи Наҳл, ояти 125) (“Бихон ба роҳи парвардигорат бо ҳикмат (далоили ақлӣ ва қобили пазириш) ва панди некӯ ва бо беҳтарин равиш бо онҳо муҷодила кун, ки парвардигорат ба он ки аз роҳаш гумроҳ шуда донотар аст ва ба роҳёфтагон низ донотар аст.”)

Масъалае, ки имшаб таҳти унвони “Раҳбарии насли ҷавон” матраҳ аст, дар ҳақиқат як масъулияти умумӣ аст, ки мутаваҷҷеҳи умуми мусалмонон аст ва билахасс мутаваҷҷеҳи табақае аст, ки симати расмии раҳбарии динии иҷтимоъро доранд. Ин аслро ҳама медонем, ки дар диёнати муқаддасаи ислом масъулиятҳо муштарак аст, яъне афрод масъули якдигаранд ва дар масъулиятҳои якдигар шариканд:

كلكم راع وكلكم‏ مسؤول عن رعيته

(Ҷомеъус-сағир, с.95), балки наслҳо масъули якдигаранд. Ҳар насл масъули насли баъдӣ аст, ки ин дин ва ин ҳидояте, ки аз наслҳои гузашта даст ба даст ба онҳо расидааст онро ҳифз кунанд ва ба наслҳои баъдӣ бирасонанд, яъне наслҳои баъдиро омода кунанд барои пазируфтан ва истифода аз он. Бинобар ин баҳс дар раҳбарии насли ҷавон баҳсе аст аз як вазифа ва масъулият, ки мутаваҷҷеҳи ҳама аст.

Чизе, ки ин баҳсро ба сурати як маҷҳул ва як масъала дармеоварад, ки бояд дар атрофи он дақиқан андешид ва роҳи ҳалли он маҷҳулро пайдо кард ин аст, ки раҳбарии як фард ё як насл дар ҳамаи аҳвол ва ҳамаи шароит яксон нест, мутафовит аст, шаклҳо ва кайфиятҳои гуногун дорад, васоиле, ки ба кор бурда мешавад мутафовит аст, як нусхаи муайян надорад, ки дар бораи ҳамаи афрод ва ҳамаи наслҳо дар ҳамаи замонҳо як ҷур дода шавад. Аз ин рӯ дар ҳар замоне ва таҳти ҳар шароите бояд дақиқан андешид, ки ба чӣ наҳв бояд сурат бигирад ва чӣ нусхае бояд дода шавад.

Ду навъ масъулият

Дар суханроние, ки ман дар ҳамин ҷо таҳти унвони ”Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар“ эрод кардам, ба ин нукта ишора кардам ва ҳоло ҳам такрор мекунам ва мегӯям, масъулиятҳои динии мо бар ду қисм аст: баъзе масъулиятҳо масъулияти як кор аст бо як шакл ва билхусус ва қиёфаи муайян. Ҳамаи хусусиёти кор ва аҷзоъ ва шароиташро худи ислом муайян кардааст ва гуфтааст, ки шумо ин корро дар ин қолаби муайян ва бо ин шакли хосс анҷом диҳед. Албатта ин кор барои натиҷае фарз шуда, аммо мо масъули натиҷа нестем. Инҳоро мегӯянд таъаббудиёт. Мо метавонем он навъ корҳоро масъулияти шакл ва қолаб биномем. Масалан намоз дастуре аст, ки муқаддамот ва муқориноти муайян дорад, шароит ва аҷзоъе дорад, монеъаҳо ва қитъаҳое дорад. Дастур ин аст, ки мо намозро ҳамеша бо ҳамин қолаб ва шакл анҷом диҳем. Таъаббуди маҳз аст. Албатта ин кор бо ин шакл ба хотири натиҷае аст, балки натоиҷе барояш ҳаст:

 إن الصلوة‏ تنهی عن الفحشاء والمنكر

(Сураи Анкабут, ояти 45) (“Ба дурустӣ, ки намоз (инсонро) аз корҳои зишт ва нописанд бозмедорад.”) Аммо мо фақат масъули муқаддимаи ин натиҷа ҳастем, на масъули худи натиҷа. Агар он муқаддимаро ба таври саҳеҳ ва комил, ки таъйин шуда ва дастур расида анҷом диҳем, натиҷа худ ба худ дунболаш ҳаст.

Навъи дигар аз масъулият ҳаст, ки мо онро масъулияти натиҷа меномем, яъне натиҷаро ба ӯҳдаи инсон мегузорад ва мегӯяд, ман фалон натиҷаро мехоҳам ва аммо ин ки он натиҷа бо чӣ васила ва чӣ муқаддима ва бо чӣ шароит ва дар чӣ қолабе анҷом дода шавад, бо ҳар василае, ки беҳтар аст. Як василаи собит ва якнавохт ва қобили таъйин ва андозагирӣ надорад. Дар ҳар мавриде ва дар ҳар замоне он васила фарқ мекунад.

Мисоле арз мекунам: шумо фаразан як гирифторӣ доред. Масалан яке аз касони шумо дар зиндон аст. Як вақт ҳаст, ки аз як нафар як кори муайянро дар мавриди ин гирифторӣ мехоҳед. Масалан номаеро ба ӯ медиҳед ва мегӯед, номаро сари фалон соат ба фалон шахс бирасон. Албатта ин нома ба манзури як натиҷа навишта шуда, аммо тараф фақат масъули расондани нома аст.

Як вақт ҳаст, ки аз тараф мустақиман худи натиҷаро мехоҳед ва ба муқаддима кор надоред, мегӯед, ман аз ту халосии ин зиндониро мехоҳам. Ва аммо ин ки чӣ василае ба кор бурда шавад, шумо муайян намекунед, худи ӯ бояд биравад, бибинад аз чӣ роҳ ва чӣ василае беҳтар аст иқдом кунад.

Маъмулан ин гуна масъулиятҳо дар ҷоҳое аст, ки васила якнавохт нест, мутағайир аст, дар як ҳол аз ин васила бояд истифода кард ва дар ҳоли дигар аз василаи дигар, хусусиёти замонӣ ва маконӣ ва ғайра фарқ мекунад. Дар ин гуна маворид бояд рафт ва ҳисоб кард ва андешид ва василаи муносибро ба даст овард.

Дар ислом ҳар ду гуна масъулият вуҷуд дорад. Намозу рӯза ва соири таъаббудиёт аз навъи аввал аст, аммо ҷиҳод аз навъи дуввум аст. Дар ҷиҳод, мусалмонон муваззафанд, ки аз ҳавзаи ислом дифоъ кунанд ва истиқлоли мусалмононро ҳифз намоянд. Аммо бо чӣ василае? Оё бо шамшер ё бо туфанг, ё бо васоили дигар? Он дигар таъйин нашуда ва асосан қобили таъйин ва андозагирӣ нест. Мусалмонон дар ҳар замоне муваззафанд беҳтарин василаро барои ин кор таҳия бибинанд:

وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ

(Сураи Анфол, ояти 60) (“Ва дар баробари онҳо (душманон), ҳар чи метавонед, нерӯ таҳия кунед.”), бояд бибинанд беҳтарин васила дар ҳар замоне чист?

Масъалаи ҳидоят ва раҳбарӣ, аз навъи дуввум аст. Мусалмонон масъули ҳидояти якдигаранд. Ҳар насле масъули ҳидояти насли баъдӣ аст. Билахасс касоне, ки симати расмии раҳбарӣ доранд, масъулияти бештаре доранд. Ба ҳар ҳол ин натиҷа яъне ҳидоят ёфтан, бояд ба даст ояд ва аммо василае, ки бояд аз он истифода шавад, барои ҳамеша ва ҳама ҷо таъйин нашуда ва қобили таъйин ва андозагирӣ ҳам нест.

Дар ояти карима мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ 

(Сураи Таҳрим, ояти 6) Яъне худатон ва хонадонатонро аз оташе, ки оташгирааш одам аст ва санг, ҳифз кунед. Худи натиҷаро мехоҳад, ба василае кор надорад.

Дар ислом барои ҳидоят ва раҳбарӣ, як шакли сад дар сад муайян тарсим нашуда, ки ҳамаи аҷзоъ ва муқаддамот ва муқоринот ва шароит ва мавонеъ дар назар гирифта шуда бошад.

Ва асосан қобили таъйин ва тарсим ва андозагирӣ нест, чун мутафовит аст.

Раҳбарии мардум мисли намоз як амри таъаббудӣ ва якнавохт нест, ё филмасал аз навъи вирд хондан нест, ки тараф як вирде ҳифз аст барои ақрабзадагӣ ва ё морзадагӣ ва ҳар ақрабзада ё морзадаро, ки биёваранд, ӯ ҳамон вирди муайянро, ки ҳифз карда мехонад.

Нисбият ва муваққат будани василаҳо

Як чиз дар як ҷо василаи ҳидоят аст ва басо ҳаст ҳамон чиз дар ҷойи дигар василаи гумроҳӣ ва залолат бошад. Мантиқе, ки як пиразанро мӯъмин мекунад, агар дар мавриди як одами таҳсилкарда ба кор бурда шавад, ӯро гумроҳ мекунад. Як китоб дар як замон мутаносиби завқи аср ва завқи замон ва сатҳи фикри замон буда ва василаи ҳидояти мардум будааст ва ҳамон китоб дар замони дигар асбоби гумроҳӣ аст. Мо китобҳое дорем, ки дар гузашта вазифаи худро анҷом додаанд ва садҳо ва ҳазорҳо нафарро ҳидоят кардаанд, вале ҳамон китобҳо дар замони мо касеро ҳидоят намекунад, саҳл аст, асбоби гумроҳӣ ва шакку ҳайрати мардум мебошанд, аз китобҳои залол бояд шумурда шавад, хариду фурӯши онҳо, табъу нашри онҳо холӣ аз ишкол нест.

Аҷаб! Китобе, ки ҳазорҳо, балки даҳҳо ҳазорро дар гузашта ҳидоят кардааст, ҳоло аз китобҳои залол аст? Бале, ҷуз китоби осмонӣ ва гуфтори воқеии маъсумин, ҳар китоби дигарро, ки дар назар бигирем, як рисолате дорад барои як муддати муваққат ва маҳдуд, он муддат, ки гузашт, он рисолат тамом мешавад.

Ин матлаб, ки арз кардам, як масъалаи муҳимми иҷтимоӣ аст ва ҳанӯз барои мо ба сурати як муаммо ва як маҷҳул, ки бояд онро ҳал кард, тарҳ нашудааст. Ман интизор надорам, ки дар ин ҷаласа комилан матлаб равшан шавад. Мукаррар бояд гуфта шавад, то мо бовар кунем, ки васоили ҳидоят ҳар замоне махсуси худи он замон аст. Лозим аст шавоҳиде аз матни ислом бар ин матлаб биёварам, то маълум шавад, дар осори исломӣ ба ин матлаб таваҷҷӯҳ дода шуда.

Ояте дар ибтидои суханронӣ хондам:

ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ

Ин ояти карима ба иттифоқи муфассирин, се василаи мухталиф барои даъват ва ҳидояти мардум зикр карда ва ҳар як аз ин се васила барои як мавриди махсус аст. Мефармояд: мардумро ба роҳи парвардигорат бихон. Калимаи “Рабб“ ҳар ҷо, ки зикр мешавад, инояте аст ба маънии тарбият. Чун мақом, мақоми даъват ва тарбият аст, бо калимаи “Рабб” таъбир шуда: мардумро ба роҳи парвардигорат бихон; он роҳе, ки мардум бояд парвариш дода шаванд ва тарбият шаванд ба он роҳ. Мардумро бихон. Бо чӣ васила? Ба василаи ҳикмат. Ҳикмат яъне сухани мутқан ва муҳкам, ки қобили хадша ва ташкик нест ва ба истилоҳ мантиқийин ва ҳукамо яъне сухане, ки муқаддамоташ сад дар сад яқинӣ аст. Яъне мардумро ба роҳи парвардигорат бихон ва бо бурҳон ва ҳикмат ва илми сад дар сад холис ва ақли холис.

Муфассирин гуфтаанд, даъват кардан ба василаи ҳикмат ва бурҳон ва далели ақлӣ ва илмӣ барои як дастаи хосс аст, ки истеъдоди онро доранд.

وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ

Яъне мардумро ба роҳи парвардигорат бихон ба василаи мавъизаи хуб ва панду андарзҳои дилписанд. Баъзе аз мардум истеъдоди баёни ақлӣ ва илмӣ надоранд, агар масоили илмӣ барои онҳо тарҳ шавад, гиҷ мешаванд. Роҳи ҳидояти онҳо панду андарз аст. Бо тамсил ва қисса ва ҳикоят ва ҳар чизе, ки дили ононро нарм кунад, бояд онҳоро ҳидоят кард.

Сару кори мавъиза ва андарз бо дил аст ва аммо сару кори ҳикмат ва бурҳон бо мағз ва ақл ва фикр аст. Аксарияти мардум дар марҳилаи дил ва эҳсосотанд, на дар марҳилаи мағз ва ақл ва фикр.

وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ

Агар бо касе рӯ ба рӯ шудед, ки ғаразаш кашфи ҳақиқат нест, ғаразаш ин нест, ки ҳақиқатеро бифаҳмад, омада барои муҷодила ва ҳарф задан ва эрод гирифтан, дар камин аст як калимае бишнавад, онро мустамсак қарор диҳад ва муҷодила намояд, ту ҳам бо инчунин шахсе муҷодила кун. Аммо ту ба наҳви аҳсан муҷодила кун, дар муҷодила аз роҳи ҳақ ва ҳақиқат хориҷ нашав, дар муҷодила беинсофӣ накун, ҳақкушӣ накун, дурӯғ ба кор набар ва амсоли инҳо.

Ин оят туруқи мухталифе барои ҳидоят зикр мекунад ва ҳар тариқе барои мавриди хосс аст. Пас маълум мешавад василае, ки бояд дар мақоми ҳидоят ба кор бурд, яксон ва якнавохт нест.

Иллати ихтилофи мӯъҷизоти пайғамбарон

Як ривояти нисбатан маъруфе ҳаст, ки муайиди ин муддаъост. Ҳарчанд он ривоят дар мавриди мӯъҷизаҳои пайғамбарон аст, ки дар асрҳои мухталиф ба як гуна набудааст, аммо муддаъои моро таъйид мекунад. Ин ривоят ҷавоби суоле аст, ки Ибни Сиккит аз ҳазрати Ҳодӣ (а) ривоят кардааст.

Ибни Сиккит аз удабои маъруф аст, номаш дар китобҳои адаб зиёд бурда мешавад, муосир бо ҳазрати Ҳодӣ (Саломуллоҳи алайҳ!) аст, яъне дар замони Мутаввакил мезиста, шиъамазҳаб буд ва ба дасти Мутаввакил ҳам кушта шуд. Мегӯянд, иллати кушта шуданаш ин буд, ки муаллими Алмуътаз ва Алмуъайяд, писарони Мутаввакил буд. Мутаввакил медонист, ки Ибни Сиккит ба алавиҳо алоқаманд аст. Як рӯз ҳангоме, ки Ибни Сиккит пеши Мутаввакил буд, ду писари Мутаввакил ворид шуданд. Мутаввакил, ки аз шамшераш ба истилоҳ хун мечакид, рӯ кард ба Ибни Сиккит ва гуфт: оё писарони ман беҳтаранд ё писарони Алӣ, Ҳасан ва Ҳусайн? Ин марди олим чунон аз ин густохии Мутаввакил барошуфт, ки гуфт: Қанбар, ғуломи Алӣ дар назари ман беҳтар аст аз ин ду писар ва аз падари онҳо. Мутаввакил дастур дод, ғуломҳои туркӣ омаданд ва забони Ибни Сиккитро аз пушти гардан дароварданд. Он мард бо ин вазъ кушта шуд.

Ба ҳар ҳол, ин мард аз ҳазрати Ҳодӣ (Саломуллоҳи алайҳ!) пурсид: ё ибна Расулиллоҳ! Чаро ҳазрати Мӯсо вақте мабъус шуд, оят ва васила ва мӯъҷизае, ки ба кор мебарад барои даъват ва ҳидояти мардум, аз навъи аждаҳо шудани асо ва яди байзо ва амсоли инҳо буд ва аммо ҳазрати Исо, ки мабъус шуд, мебинем васила ва мӯъҷиза ва абзоре, ки ба кор мебарад чизи дигар аст, кӯрҳои модарзодро муолиҷа мекард, песҳоро муолиҷа мекард, мурдаро зинда мекард ва аз ин қабил ва аммо пайғамбари мо, ки мабъус шуд, мӯъҷизааш аз навъи ҳеч кадом аз инҳо нест, аз навъи баён ва калом аст, Қуръон аст?

Ҳазрат фармуд, ин ба воситаи ихтилофи асру замонҳо буд. Дар замони ҳазрати Мӯсо чизе, ки ҳукумат мекард ва бар фикрҳо ғалаба дошт ва чашмҳоро пур карда буд, сеҳру ҷодугарӣ ва ин тавр чизҳо буд. Мӯъҷизоти Мӯсо шабеҳ буд ба амалиёте, ки онҳо доштанд, бо ин тафовут, ки он чи Мӯсо дошт, мӯъҷиза буд ва ҳақиқат дошт ва он чи онҳо доштанд, сеҳру чашмбандӣ буд. Аммо замони Исо замоне буд, ки иддае табибҳо пайдо шуда буданд ва муолиҷоти ҳайратангез мекарданд. Гарданҳо ба тарафи касоне кашида мешуд, ки аз ин навъ ҳунарҳо доштанд. Худованд мӯъҷизаи Исоро аз ин синх қарор дод. Ва аммо асри хотамуланбиё асри сухан ва калом буд. Таваҷҷӯҳи мардум ба сухани олӣ буд. Бинобар ин маорифи олияи ислом ба сурати суханони олӣ ва дар либоси фасоҳат ва балоғати комил адо шуд.

Ибни Сиккит ҷавоби Имомро хеле писандид ва гуфт, ҳоло рамзи матлабро фаҳмидам. Баъд арз кард: ё ибна Расулиллоҳ! Алъон ҳуҷҷати Худо чист? Фармуд: ақл. Гуфт:

هذا والله هو الجواب

Пас маълум мешавад, иллати ихтилофоти мӯъҷизоти пайғамбарон ин буда, ки василаи ҳидояти мардум дар ҳар замоне мутафовит аст. Вагарна мумкин буд аз Одам то Хотам — агар ҳазрати Одам мӯъҷиза дошта ва агар пайғамбар буда, зеро баъзе мегӯянд, пайғамбар набуда — як навъ мӯъҷиза дошта бошанд. Аммо ин тавр набуда, ҳар пайғамбаре мӯъҷизае, ки ба кор мебурда, мутаносиб буда бо асру замони худаш.

Идома дорад…

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: “Паҳподи Ҳизбуллоҳ ба утоқи хоби Натонёҳу исобат кардааст”
Ҳамос: “Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба манзили Натонёҳу, қасоси одилона аст”

Матолиби пурбоздид