Даҳ гуфтор – ХХ

 

 

Даҳ гуфтор – ХХ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши бистум

Равиши паёмбарона

Ҳадиси набавии маъруфе ҳаст, ки дар “Кофӣ “забт шуда ва ин рӯзҳо ба василаи баъзе дӯстон, ки китобҳои ҳадиси аҳли тасаннун дар ихтиёр доштанд, таҳқиқ кардам, маълум шуд, ки дар китобҳои ҳадиси аҳли тасаннун ҳам забт шуда. Расули Акрам мефармояд:

إنا معاشر الأنبياء أمرنا أن نكلم الناس علی قدر عقولهم

(Кофӣ, ҷ.1 с.23) Мо, пайғамбарон маъмурем, ки бо мардум ба андоза ақлашон сухан бигӯем. Мо бо ҳар кас ҳарф мезанем, зарфияти ақл ва сатҳи фикри ӯро дар назар мегирем ва мутаносиб бо ақл ва фикри худи ӯ ҳарф мезанем. Бо он ки сатҳи фикраш болотар аст, дар сатҳи болотар ва бо он ки сатҳи фикраш пойинтар аст, дар сатҳи пойинтар гуфтугӯ мекунем. Бо одам оммӣ сухани баланди малакутӣ, ки сараш гиҷ шавад намегӯем ва ба як ҳаким ҷавобе, ки ба як пиразан медиҳем намедиҳем. Мавлавӣ ба мазмуни ҳамин ҳадис ишора мекунад ва мегӯяд:

Паст мегӯям ба андозай уқул,

Айб набвад, ин бувад кори Расул.

Як фарқ, ки байни равиши анбиё ва равиши фалосифа ҳаст ин аст, ки фалосифа як мантиқ ва як сатҳи муайян ҳамеша дар баён ба кор мебаранд. Онҳо як матоъ ва як ҷинс бештар дар мағозаи худ надоранд. Муштариҳои онҳо ҳам фақат як табақа ҳастанд. Ва ин аз аҷзи онҳост, зеро мақсуди худро ҷуз дар лифофаи як силсила истилоҳот наметавонанд бигӯянд. Ва ночор як табақаи муайян, ки ба забони онҳо ошно ҳастанд, ҳарфи онҳоро мефаҳманду бас. Мегӯянд, бар сари дари мадрасаи маъруфи Афлотун — ки боғе буд дар беруни шаҳри Отен (Афина) ва номи он боғ Окодемиё (Academy) буд ва имрӯз ҳам ба ҳамин муносибат маҷомеъи илмиро Окодемӣ (Академия) мегӯянд — шеъре навишта шуда буд, ки мазмунаш ин буд: ҳар кас ҳандаса нахонда, ба ин мадраса ворид нашавад.

Дар мактаб ва равише, ки анбиё доранд, ҳама гуна шогирд метавонад истифода кунад, ҳама ҷур матоъ дар он ҷо ҳаст; ҳам олии олӣ, ки Афлотун бояд биёяд шогирдӣ кунад ва ҳам пойини пойин, ки ба дарди як пиразан мехӯрад. Бар сари дари ҳеч мактаби пайғамбаре навишта нашуда, ки ҳар кас мехоҳад аз ин ҷо истифода кунад, бояд фалон қадр таҳсил карда бошад. Албатта ҳар чи бештар таҳсил карда бошад ва мустаъидтар бошад, бештар истифода мекунад, ҳар чи камтар мустаъид бошад, боз ба андозаи худаш метавонад баҳра бибарад, зеро:

إنا معاشر الأنبياء أمرنا أن نكلم الناس علی قدر عقولهم

 

Беҳтарин шогирдон

Аз ин ҷо як матлаби дигар метавон фаҳмид ва он ин аст, ки беҳтарин шогирдони фалосифа ҳамонҳо ҳастанд, ки маҳзари худи онҳоро дарк кардаанд, ба хилоф анбиё ва авлиё. Беҳтарин шогирди Афлотун ё Арастӯ ё Бӯалӣ ҳамон шогирдони биловоситаи ҳавзаи худи онҳо ҳастанд. Беҳтарин касе, ки каломи Бӯалиро фаҳмида, метавон гуфт, Баҳманёр ё Абӯубайди Ҷузҷонӣ аст. Аммо беҳтарин шогирдони Пайғамбари Акрам ё Амирулмӯъминин ё ҳазрати Содиқ чӣ тавр? Оё беҳтарин шогирдони онҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки дар замони худ онҳо будаанд? На, ин тавр нест.

Нуктаеро худи Расули Акрам дар каломашон ишора кардаанд. Шояд маънии ҳамин каломро ҳам онҳо, ки дар он аср будаанд дуруст нафаҳмиданд. (Бигзарем аз афроди маъдуде мисли Салмон ва Абӯзар ва Миқдод, соирин намефаҳмиданд). Фармуд:

نصر الله عبدا سمع مقالتي فوعاها وبلغها من لم يبلغه

(Амолии Муфид, маҷлиси 23, с.186) Яъне Худованд ёрӣ кунад касеро, ки каломи маро бишнавад ва ҳифз кунад ва бирасонад ба касе, ки ба ӯ нарсидааст. Ё:

نضر الله عبدا سمع مقالتي

“Худованд хуррам кунад зиндагии он касеро, ки ин корро бикунад…” Ва баъд фармуд:

ربّ حامل فقه غير فقيه، وربّ حامل فقه الی من هو أفقه منه

(Фурӯъи Кофӣ, ҷ.5 с.293) Чӣ бисёр ашхос, ки фиқҳеро ҳамл мекунанд дар ҳоле, ки худашон фақеҳ нестанд ва чӣ бисёр касоне, ки фиқҳеро мунтақил мекунанд ба касоне, ки онҳо аз худашон фақеҳтаранд.

“Фиқҳ“ дар истилоҳи аввалии динӣ, яъне як ҳақиқати динӣ ва як ҳикмати динӣ, ки ниёзманд ба таъаммуқ ва тафаккур аст. Мақсуд дар ин ҷо ҳақоиқ ва калимоте аст, ки мардум аз худи он ҳазрат мешунаванд. Мефармояд, бисёр ашхос, ки ин калимот ва ин ҳақоиқро аз ман мешунаванд ва ҳифз мекунанд, худашон аҳли фаҳм ва таҷзияву таҳлили онҳо нестанд. Бисёр ашхос ин калимот ва ин ҳақоиқро барои дигарон нақл мекунанд ва он дигарон аз худи инҳо шоистатаранд барои фаҳм ва дарки он ҳақоиқ. Масалан шахсе аз Пайғамбари Акрам (с) мешунавад:

لا ضرر ولا ضرار

— аммо худи ӯ қудрат надорад бифаҳмад, ки ин ҷумла чӣ қадр расо аст. Баъд месупорад ба насли оянда. Насли баъдӣ аз ӯ беҳтар мефаҳмад. Он насл боз медиҳад ба насли баъдтар. Мумкин аст он ки дар насли бистум масалан омад, аз насли аввал ва дуввум ва севвум беҳтар бифаҳмад ва шоистагии бештаре дошта бошад.

Қуръон ҳам ҳамин тавр. Намешавад гуфт, Қуръонро мардуми гузашта беҳтар мефаҳмидаанд. Балки кор баъакс аст. Эъҷози Қуръон ба ин аст, ки ҳамеша аз тафсирҳое, ки барояш навишта шуда ҷилавтар аст, яъне дар ҳар замон Қуръонро тафсир кардаанд, дар замони баъд, ки илм ва фаҳм бештар шуда, вақте, ки Қуръонро бо он тафсир санҷидаанд, дидаанд Қуръон хеле аз он тафсир болотар ва ҷилавтар аст.

Ҷойи дигар намеравем. Ҳамин илми фиқҳро дар назар мегирем. Мусалламан асҳоби Расули Акрам ва асҳоби Амирулмӯъминин ва асҳоби ҳазрати Содиқ ҳатто амсоли Зурора ва Ҳишом ибни Ҳакам, қоъидаҳои фиқҳиро, ки аз Расули Акрам ё имомон расидааст, мисли Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Аллома Ҳиллӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ наметавонистанд бифаҳманд ва таҷзияву таҳлил кунанд.

Пас дар равишҳои фалсафи чӣ касе аз ҳама беҳтар фаҳмидааст маънии калимоти устодро? Он кас, ки аз ҳама қадимитар аст. Аммо дар мактаби анбиё ва авлиё чӣ касе аз ҳама беҳтар фаҳмида маънӣ ва мақсудро? Он кас, ки дар оянда меояд ва илм ва фаҳми бештаре дорад. Ин худ мӯъҷизаи нубувват аст.

Дар ривоятҳои боби тавҳид ворид шуда, ки Худованд чун медонист, ки дар охируззамон мардуме хоҳанд омад мутаъаммиқ ва ғавркун, бинобар ин сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад” ва оёти аввали сураи Ҳадидро, ки шомили олитарин ва дақиқтарин масоили тавҳидӣ аст нозил кард. Яъне мардуми он замон шоистаи ин оёт набуданд. Дар оянда бояд ашхосе биёянд, ки шоистаи ин оёт бошанд. Ин оёт хӯроки руҳии онҳост. Албатта чун ин оёт ҳадди охирро баён кардааст, агар касе аз онҳо таҷовуз бикунад, ҳалок мешавад.

Ин аст мӯъҷизаи нубувват ва мӯъҷизаи Қуръон, ки:

لا تنقضي عجائبه، ولا تفني غرائبه

(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 150, бо тақдиму таъхир ду ҷумла.) (“Шигифтиҳои он аз байн намеравад ва ғароиби он тамом намешавад.”)

Ҳамаи инҳо, ки гуфтам, барои ин буд, ки вақте, ки ин масъаларо тарҳ мекунем ва мегӯем раҳбарии насли ҷавон, касе нагӯяд, эй оқо! Магар раҳбарии насли ҷавон бо раҳбарии насли куҳан фарқ мекунад?! Магар намози инҳо бо намози онҳо дутост, ки раҳбарии инҳо бо онҳо дуто бошад?! Дар қадим ҳар тавр амал мешуд, ҳоло ҳам амал бишавад. Дар қадим бобобузург ва нанаҷуни мо дар як маҷлиси равза чӣ ҷуре нишаста ва дар ҳамонҷо Худоро шинохта ва ҳидоят шуда, насли ҷадид ҳам чашмаш кӯр шавад биравад ҳамонҷо биншинад ва ёд бигирад!

 

Насли ҷавон ё андешаи ҷавон?

Инро ҳам бигӯям: вақте, ки мегӯем насли ҷавон, мақсуд ҳатман табақаи ҷавон нест, мақсуд табақае аст, ки дар асари таҳсилот ва ошноӣ бо тамаддуни ҷадид дорои тарзи тафаккури махсусе аст, хоҳ пир бошад ё ҷавон.

Аксарияти ин табақаро албатта ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин мегӯем насли ҷавон, вагарна бисёр пирҳо ҳастанд, ки тарзи тафаккури ҷадид доранд, бисёр ҷавонҳо ҳастанд, ки тарзи тафаккурашон мисли пирҳо ва мардуми қурун гузашта аст.

Ба ҳар ҳол, мақсуд табақае аст, ки ҳомили тарзи тафаккури махсусе аст ва рӯ ба афзоиш аст ва пиру ҷавони оянда дорои ин тарзи тафаккур хоҳанд буд ва агар Худо нахоста, фикре барои ҳидоят ва раҳбарии ин насл нашавад, оянда ба куллӣ аз даст хоҳад рафт. Ин масъала як масъалаи боаҳаммияте аст дар кишвари мо. Албатта дар соири кишварҳои исломӣ ҳам буда ва ҳаст, вале онҳо қабл аз мо ба фикр афтоданд ва ин масъаларо ба сурати ҷиддӣ тарҳ карданд. Мо ҳанӯз ин масъаларо ҷиддӣ нагирифтаем. Насли ҷавон дар назари мо сирфан яъне як насли ҳавопараст ва шаҳватпараст ва хаёл мекунем бо ин ки ба онҳо даҳанкаҷӣ бикунем ва чаҳорто маталак дар рӯйи минбар ба онҳо бигӯем ва фуҳш бидиҳем, ба хаёли худамон онҳоро ҳу бикунем ва мустамиъини мо биханданд, коре дуруст мешавад ва ҳаминки дод бикашем: ой писармадрасаҳом чунин ва духтармадрасаҳом чунон, қазия ҳал мешавад. Ин корҳо лолоӣ аст, барои он аст, ки шумо дар хоб бимонед ва дар фикрм чора наафтед ва як вақт бедор бишавед, ки кор аз кор гузаштааст.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо – IX
Ҳамуд Навфалӣ: Аз имрӯз ҳама ба оддисозии равобит бо Эрон рӯй меоваранд

Матолиби пурбоздид