Девона ва дузд
Ҳикояти ҷолиб ва наздик ба зиндагии имрӯз
Дузде ҳамеша аз як деҳкада дуздӣ мекард.
Рӯзе радди пои ба ҷо мондаи ӯро дунбол карданд, баъдан дида шуд, радди пои ӯ хеле шабеҳи радди пои қозӣ буд.
Яке гуфт: Дузд кафшҳои қозиро дуздидааст!
Дигарӣ гуфт: Кафшҳояш шабеҳи кафшҳои қозӣ будааст.
Ҳар касе ба ҳар тариқе воқеиятро тавҷеҳ мекард.
Девонае фарёд зад, ки: Ҳой мардум, дузд худи ҳамин қозӣ аст!
Мардум пӯзханде заданд ва ба қозӣ гуфтанд: Ҷаноби қозӣ, ба дил нагиред, ӯ маҷнун аст.
Вале фақат қозӣ фаҳмид, ки танҳо оқили ин деҳкада, ҳамон марди девона аст.
Аз фардои он рӯз, касе он девонаро надид, вақте аҳволашро ҷӯё шуданд, қозӣ гуфт: Дузд ӯро куштааст.
Қозӣ воқеиятро гуфт, вале дарки мардум аз воқеият фарсангҳо фосила дошт.
Шояд ҳам аз сарнавишти он девона метарсиданд.
Чун дар он деҳкада доноӣ баҳояш бисёр сангин буд, вале нодонӣ инъом дошт.
Қаламонлайн