Демократҳои амрикоӣ: Исроил режими нажодпараст аст!

Демократҳои амрикоӣ: Исроил режими нажодпараст аст!
Назарсанҷӣ: 44 дарсади демукротҳо дар Омрико мегӯянд, Исроил режими нажодпараст аст
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Middle East Eye, натиҷаи як назарсанҷии ҷадид дар Омрико нишон медиҳад, ки раванди нузулии ҳимояти раъйдиҳандагони Ҳизби демукрот аз режими саҳюнистӣ ҳамчунон идома дорад. Бар асоси ин гузориш, ҷадидтарин назарсанҷии Донишгоҳи Мэриленд бо мавзӯъи рӯйкарди афкори умумии Омрико дар қиболи “Исроил” ва фаластиниён мунташир шуд.
Нуктаи хабарсоз ва қобили таваҷҷӯҳ дар ин назарсанҷӣ, мизони ҳимояти раъйдиҳандагони Ҳизби демукрот дар Омрико аз “Исроил” аст. 44 дарсад аз ҳомиёни Ҳизби демукрот мегӯянд, “Исроил” нажодпараст аст.
Ин назарсанҷӣ тайи рӯзҳои 27 март то 5-уми апрели 2023 аз 1203 омрикоӣ гирифта шудааст.
Аввалин суоли ин назарсанҷӣ ба ин шарҳ аст: “Шумо шояд таҳаввулоти ахир дар Исроил, каронаи Бохтарӣ ва Ғаззаро дунбол карда бошед. Ба назари шумо, кадом гузинаи зер ба тавсифи Исроил аз назари шумо наздиктар аст: демукросии пӯё, як ҳукумат бо ақаллияти дорои ҳуқуқи маҳдудшуда, як ҳукумати дорои тафкик шабеҳ ба опортойд”.
Дар маҷмӯъ 56 дарсад аз посухгӯён ба ин суол аз ҳар ду Ҳизби демукрот ва ҷумҳурихоҳ эълом карданд, ки онҳо иттилое аз ин мавзӯъ надоранд, танҳо 22 дарсад гуфтанд, ки режими саҳюнистиро як “демукросии пӯё” медонанд.
Аз назари 31 дарсад аз ширкаткунандагон дар назарсанҷии Донишгоҳ Мэриленд, режими саҳюнистӣ дорои як демукросии ноқис ва маъюб аст. Ба гуфтаи 16 дарсад, дар режими саҳюнистӣ ҳуқуқи ақаллиятҳо маҳдуд шудааст ва 31 дарсад ҳам гуфтанд, ки ин режимро як ҳукумати шабеҳ ба опортойд медонанд.
Назари демукротҳои ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ дар бораи режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки ҳимояти ҷумҳурихоҳон аз ин режим бештар аст ва раванди нузулии ҳимоят аз Телавив дар миёни раъйдиҳандагон демукрот ҳамчунон идома дорад.
Интишори натиҷаи ин назарсанҷӣ дар шароите анҷом шуда, ки пеш аз ин чеҳраҳои саршиносе аз қонунгузорони демукроти Омрико борҳо дар радди мавозеъи режими саҳюнистӣ, ин режим ва кобинаи Бенёмин Натонёҳуро нажодпараст хондаанд.
Берни Сандерз, қонунгузори яҳудии Кунгра ва намояндаи иёлати Вермонт дар Маҷлиси Сенои Омрико, соли гузашта дар мусоҳиба бо барномаи “Дар пешгоҳи миллат”-и шабакаи CBS мавозеъи кобинаи режими саҳюнистиро маҳкум кард ва онро нажодпараст хонд.
Сандерз дар посух ба суоли муҷрии ин шабакаи омрикоӣ мабнӣ бар ин ки “оё фикр мекунед, ки дар ҳоли ҳозир демукросӣ дар Исроил дар хатар аст?”, гуфт: “Бале, ин тавр фикр мекунам. Ман бисёр нигарони он чи Натонёҳу ва бархе аз муттаҳидонаш дар давлат анҷом медиҳад ҳастам… Иёлоти Муттаҳида миллиардҳо доллар ба Исроил кӯмак мекунад ва мо бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунем ва бигӯем, ки шумо наметавонед як давлати нажодпарастро идора кунед”.
Тибқи натиҷаи назарсанҷии Донишгоҳи омрикоии Мэриленд, 41 дарсад аз ҷумҳурихоҳони ширкаткунанда дар назарсанҷии ин донишгоҳ эълом карданд, ки режими саҳюнистиро дорои демукросии пӯё медонанд ва танҳо 20 дарсад гуфтанд, ки вазъияти онро шабеҳ ба опортойд арзёбӣ мекунанд.
Ҳомиёни Ҳизби демукрот аммо назари манфитаре ба режими саҳюнистӣ доранд ва 44 дарсад иброз доштанд, ки режими саҳюнистиро опортойд медонанд ва 34 дарсад онро як демукросии маъюб қаламдод мекунанд.
Илова бар Берни Сандерз, бархе дигар аз қонунгузорони Кунграи Омрико ҳам мавозеъи режими саҳюнистиро борҳо маҳкум кардаанд. Рашида Тулайб, намояндаи иёлати Мичиган дар Маҷлиси намояндагони Омрико ҳам ахиран ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни режими ишғолгари Қудс ба мӯътакифон дар дохили Масҷидулақсоро маҳкум кард.
Ин узви мусалмони Кунграи Омрико гуфт: “Ин ҳукумати опортойди хашини Исроил аст. Ин ваҳшатнок аст!”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сиёсатмадор ва ростгӯ
Порсиситезӣ дар Афғонистон

Матолиби пурбоздид