Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он

Фарҳанг

Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он

Муждаи наврӯзӣ

Ахбори фарҳангӣ

Китобе бо номи “Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он” бо сифати аъло аз тариқи нашриёти “Сурхон-нашр”-и шаҳри Тирмиз бо теъдоди 200 нусха аз дасти чоп берун омад. Муаллифи он як тан аз омӯзгорони эҷодкори деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун, Раҳматуллоҳ Шоҳимардон мебошад.

Китоб дар мавриди шаҷараҳо ва аҷдоди сокинони бумӣ, фарҳанги маишӣ, табиати зебоманзар, соҳаи кишоварзии деҳа, инчунин саҳми назарраси ашхоси фаъолу барӯманди он дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеа маълумоти медиҳад.

Тарҳи китоби мазкур аз ҷониби фарзанди арзандаи ин диёр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода пешниҳод ва зери назари ӯ арзи ҳастӣ намудааст. Омӯзгорон Анвар Холов ва Неъматуллоҳ Ёдгоров барои ҷамъоварии маводди зарурӣ бештар ранҷ бурдаанд ва дар китоб ба сифати муҳаррир дарҷ гардидаанд.

Пешгуфтори китоб ба қалами доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода тааллуқ дорад ва дар он аз таърихи тоҷикони Бойсун, хосса саргузашти номи он сухан рафтааст.

Хонанда аз ин навишта маълумоти пурқимати илмӣ хоҳад гирифт.

Китоби “Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он” намунаи беҳтарини шиносоии мардуми заҳматкаши як деҳаи тоҷикнишин ба аҳли миллат мебошад ва барои муҳаққиқони илми этнография дастури хубест. Вобаста ба мавзӯъ ҳикоёт ва мақолаҳои хубе низ ҷой дода шудаанд, ки ба арзиши китоб афзудааст

Нашри китоби нав ба муаллиф, дастандаркорони чопи он ва мардуми фарҳангдуст муборак бод!

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Шариф Халил)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва суфастоигарӣ – II
Боғи Хуҷаста дар Теҳрон шукуфт

Матолиби пурбоздид