Дидори Амирабдуллоҳиён бо Исмоил Ҳаниа

Дидори Амирабдуллоҳиён бо Исмоил Ҳаниа
Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, имшаб (панҷшанбе, 23 ноябр) бо Исмоили Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дидор кард.
Вай, ки дар раъси ҳайате ба Қатар сафар кардааст, бо Исмоил Ҳаниа дар бораи оташбаси муваққат, ки қарор аст аз фардо (ҷумъа) дар Ғазза барои чаҳор рӯз барқарор шавад, гуфтугӯ кард.
Ин севвумин сафари Амирабдуллоҳиён ба Қатар зарфи якуним моҳи гузашта аст.
Вай дар ду сафари қаблӣ низ бо Исмоил Ҳаниа дар Дуҳа дидор ва гуфтугӯ карда буд.
Ҳаниа ҳамчунин дар ин муддат, сафаре ба Теҳрон дошт ва бо раҳбари ин кишвар дидор кард.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазрати Иброҳим ва занбӯри асал
Вазири иттилоърасонии Яман: “Ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи мост”

Матолиби пурбоздид