Дидори вузарои умури хориҷаи Қазоқистон ва Италия

Дидори вузарои умури хориҷаи Қазоқистон ва Италия

Ахбори минтақа

Ермек Кушербоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон, дар ҳошияи нишасти «Раванди Акаба» дар шаҳри Рум бо Антонио Таяни, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷаи Италия, мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо бар иродаи ду кишвар барои таҳкими мушорикати стратегӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, технологияҳои сабз, муҳандисӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм таъкид карданд.

Кушербоев Италияро шарики боэътимоди Қазоқистон дар Аврупо номид, дар ҳоле ки Таяни омодагии Румро барои тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳор дошт.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратии ду кишвар дар соли 2024 ба 20 миллиард доллар расида, Италия бузургтарин шарики Қазоқистон дар ҷануби Аврупо мебошад.

Ҷонибҳо дар анҷом изҳор доштанд, ки гуфтугӯҳои созанда ва талошҳои муштарак ҷиҳати рушди ҳамкориҳои стратегии миёни Остона ва Рум идома хоҳанд ёфт.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оғози роҳандозии озмоишии долони ҳамлу нақли чандваҷҳии Чин то Туркманистон тавассути Осиёи Марказӣ
Сафари расмии вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид