Дилам хун гашт аз ғамҳои Эрон

Адаб

Дилам хун гашт аз ғамҳои Эрон

Озарахш

Дилам хун гашт аз ғамҳои Эрон

Ба сина метапад монанди шерон

Равони поки Фирдавсӣ бигиряд

Ба марги бегуноҳону фақирон

Қадамгоҳи бузургон аст ин ҷо

Макони Хусраву шоҳу вазирон

Тавоно рӯҳи Рустам дар вуҷудаш

Диёри паҳлавонону далерон

Биҳишти хуррами Саъдиву Ҳофиз

Таваллудхонаи Наврӯзи мирон

Сароҳанги ҳама сози ҳумоюн

Ҷаҳони порсии беназирон

Худоё, кӯр бодо чашми он хасм

Ки дорад кина бар равшанзамирон

Озарахш

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиқболи Эрдуғон аз оташбас миёни Эрон ва Исроил
Худои осмон бошад анису ёварат, Эрон!

Матолиби пурбоздид