Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ

Адаб

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст:

“Ҳақ Таоло ӯро (ҳазрати Муҳаммад (с)-ро) сухане дод, ки ҷумла олам аз замони ӯ то бад-ин аҳд дар шарҳи он чандин муҷалладҳо сохтанд ва месозанд ва ҳанӯз аз идроки он қосиранд.

Ва фармуд Ҳақ Таоло, ки: номи туро саҳоба аз заъфу бими… ҳасудон дар гӯш пинҳон мегуфтанд, бузургии туро ба ҳадде нашр кунам, ки бар манораҳои баланд дар ақолими олам панҷ вақт бонг зананд ба овозҳои баланд ва алҳони латиф, дар Машриқу Мағриб машҳур шавад…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, саҳ.226)

Ин мазмун дар Маснавӣ ин гуна омадааст:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро ҳофизам,

Бешу камкунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам рофеъам,

Тоъинонро аз ҳадисат дофеъам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мекунанд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Хуфя мегӯянд номатро кунун,

Хуфя ҳам бонги намоз, эй зуфунун!

Аз ҳаросу тарси куффори лаин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

То қиёмат боқияш дорем мо,

Ту матарс аз насхи дин, эй Мустафо!

* * *

Эй Расули мо, ту ҷоду нестӣ,

Содиқӣ, ҳамхирқаи Мӯсистӣ.

Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,

Куфрҳоро даркашад чун аждаҳо.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин ҷузъиёт аз терури Исмоил Ҳаниа дар Теҳрон
Бахше аз васиятномаи Абуалӣ ибни Сино

Матолиби пурбоздид