Дифоъ аз иззати миллӣ ё дифоъ аз манфиати шахсӣ?

Таҳлили хабарӣ

Дифоъ аз иззати миллӣ ё дифоъ аз манфиати шахсӣ?

Назари коршинос

Беш аз сӣ сол аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, аммо дар тӯли сӣ сол, мо шоҳиди равобити амиқ миёни Тоҷикистон ва Русия дар абъоди мухталиф будаем. Таъсиргузории Русия бар Тоҷикистон дар сатҳи васее машҳуд буда ва ҳаст.

Яке аз бузургтарин муъзалҳои иҷтимоии кишвари Тоҷикистон, сели азими муҳоҷирони корӣ ба кишвари Русия мебошад. Муҳоҷироне, ки ғолибан машғули кори сиёҳ ҳастанд ва аз шаъни иҷтимоии бисёр поине бархурдор ҳастанд. Дар тӯли солиёни ахир, хонаводаҳои зиёде буданд, ки мардон, падарон ва писарони худро барои кор ва касби даромад, роҳии Русия мекарданд, аммо дар андак замоне бо ҷасадҳои эшон рӯбарӯ мешуданд бидуни он ки бифаҳманд ба чӣ иллат ва чӣ гуна???

Дар яке аз дидорҳои президент Раҳмон бо ҷамъе аз занон, аз миёни ҷамъият модаре доғида, арзи гилоя ва шикоят мекунад ва аз набуди шуғл ва кор дар кишвар ва дар идома аз мусибатҳое, ки бар сари фарзанаш дар Русия омада, мегӯяд ва дар ниҳоят, чизе ки мешунавад, ин ки мегӯяд: Тақсири худатон аст ва бояд, ки забони русиро хуб азбар шаванд…

Раиси ҷумҳуре, ки пайваста сари таъзим дар муқобили Путин фуруд меовард, чӣ шуд, ки ба якбора раги ғайраташ ба ҷӯш меояд ва дар замоне ки иддае аз мардуми Русия вориди Тоҷикистон мешаванд забон ба гилоя, интиқод ва тамарруд мекушояд?

Эҳтимоли зиёде ҳаст, ки ин иқдоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як бозии сиёсӣ аст ва аз он бӯи нуфузи Амрико дар минтақа ба машом мерасад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлойн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кинаву бадхоҳиро аз худ дур кун!
Бозтоби иқдоми Раҳмон аз нигоҳи коршиносон

Матолиби пурбоздид