Додгарӣ ва адолат дар мавриди зердастон

Додгарӣ ва адолат дар мавриди зердастон

Подшоҳ агар бар зердастони худ ситам кунад, билохира “шавкату подшоҳӣ”-и худро аз даст хоҳад дод:

Хабар дорӣ аз хусравони аҷам,

Ки карданд бар зердастон ситам,

На он шавкату подшоӣ бимонд,

На он зулм бар рустоӣ бимонд…

(Бӯстон, боби 1, с.230)

Ҳокими мамлакат агар мехоҳад дили осуда дошта бошад, бояд “дили дардмандон зи банд бароварад”, вагарна “парешонии хотири додхоҳ” подшоҳро аз мамлакат бармеандозад ва дар он мамлакате, ки “заъиф аз қавӣ боркаш бошад”, хоби хуш бар он подшаҳ ҳаром аст.

Саъдӣ бақои мамлакатро дар вуҷуди як шарт медонад, ва он ҳам ин ки:

Бақои мамлакат андар вуҷуди як шарт аст,

Ки дасти ҳеч қавӣ бар заъиф нагморӣ.

(Қасоиди форсӣ, с.752)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афсарони амрикоӣ ба сарбозони Тоҷикистон омӯзиши низомӣ медиҳанд
Ҳамроҳхон Зарифӣ аз ҳабс озод шуд

Матолиби пурбоздид