Дониш ва донишмандон дар каломи нуронии Паёмбар(с)

Фарҳанг

Мақоми дониш ва донишмандон дар каломи нуронии Паёмбар(с)

“Андаке дониш беҳтар аз бисёре ибодат аст.”

“Хоби ҳамроҳ бо илму дониш беҳтар аз намози ҳамроҳ бо нодонӣ аст.”

“Ҳамоно бартарии олим бар обид монанди бартарии хуршед аст бар ситорагон ва бартарии обид бар ғайри обид монанди бартарии моҳ аст ба ситорагон.”

“Як соат такя задани олим бар бистари хеш ва нигаристан дар кору илмаш, беҳтар аз ҳафтод сол ибодати обид аст.”

“Олим бар обид ҳафтод дараҷа бартарӣ дорад, ки фосилаи ҳар дараҷа аз дигарӣ ба андозае аст, ки як асп ҳафтод сол бидавад. Иллати ин бартарӣ он аст, ки шайтон дар миёни мардум бидъате мегузорад ва олим бар он пай мебарад ва мардумро аз он наҳй мекунад, аммо обид саргарми ибодати худ аст ва ба бидъат на диққате дорад ва на онро мешиносад.”

“Савганд ба он ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст, ҳар оина вуҷуди як олим барои иблис сахттар аз ҳазор обид аст, зеро обид дар фикри худ аст ва олим дар андешаи дигарон.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Калидҳо ва сарчашмаҳои сарватмандӣ 
Рамзу рози муваффақият ва сарватмандӣ

Матолиби пурбоздид