Донишманд ва марди аблаҳ

Адаб

Донишманд ва марди аблаҳ

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Ҷолинус аблаҳеро дид, даст дар гиребони донишманде зада ва беҳурматӣ ҳамекард.

Гуфт: Агар ин доно будӣ, кори вай бо нодон бад-ин ҷо нарасидӣ.

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,

Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсалонанд.

* * *

Якеро зиштхӯе дод дашном,

Таҳаммул карду гуфт: Эй некфарҷом!

Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфтан, онӣ,

Ки донам, айби ман чун ман надонӣ.

(Саъдии Шерозӣ, Гулистон)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қонунҳои муваффақият аз Бройон Трейси
Китоб ва мушкилоти ҷомеа

Матолиби пурбоздид