Донишномаи забони тоҷикӣ

Фарҳанг

Донишномаи забони тоҷикӣ

Муаррифии китоб

Ин донишнома маълумоти асосӣ дар мавриди забони тоҷикӣ (форсӣ), сохти дастурӣ (грамматикӣ), луғот (лексика), фразеология, услубиёт ва савтиёти он, ҳамчунин дармавриди таърихи ин забон, лаҳҷаву шеваҳо, мавқеи он дар байни дигар забонҳои эронӣ аз давраҳои бостон то имрӯз, нақши забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳамчун забони байналмилалии илмию давлатӣ дар асрҳои миёна ва имрӯз дар Тоҷикистон, забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ва ғ. фароҳам омадаанд.

Дар «Донишномаи забони тоҷикӣ” осори хаттии ба забони тоҷикӣ (форсӣ) таълифшуда (аз «Авасто» то имрӯз), фарҳангҳо (китобҳо)-и гузашта ва муосир тавсиф мешаванд.

Ба ғайр аз истилоҳоти дастурии имрӯза, дастандаркорон кӯшидаанд, истилоҳоти дар гузашта маъмули дастур (аз қабили сарф, наҳв, муаннас ва ғ.)-ро барқарор намоянд.

Китоб дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таълиф шуда соли 2022 ба табъ расидааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

«Тоҷикистон-2023» – баргузории намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар Душанбе
Маҳалгароӣ – маразе, ки рӯзе Тоҷикистонро маҳву нобуд хоҳад кард

Матолиби пурбоздид