Донишомӯзии Абӯалӣ ибни Сино

Таърих

Донишомӯзии Абӯалӣ ибни Сино аз забони худаш

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт. Дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ — шогирди вафодораш имло кардааст, омада:

“Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб барои ман фароҳам шуда буд, то ҷойе, ки аз ман дар шигифт буданд…” (1)

Пас аз чанде Шайхурраис ба касби дониши фиқҳ дар маҳзари Исмоили Зоҳид пардохт ва аз чигунагии истихроҷ ва истинботи аҳком аз манобеи динӣ огоҳӣ ёфт:

“Ман саргарми фиқҳ будам… Ва аз боҳуштарин пӯяндагони ин роҳ будам ва бо роҳҳои мутолиба ва вуҷуҳи эътироз ошно шуда будам.” (2)

Сипас падари Бӯалӣ Абӯабдуллоҳ Нотилиро, ки устоди нуҷум, ҳандаса ва мантиқ буд, ба манзил даъват намуд. Ибни Сино дар фарогирии ин улум бахусус мантиқ, ба тарзи шигифтоваре истеъдоди худро буруз дод, ба гунае ки гоҳе ҷойгоҳи устоду шогирд тағйир мекард. Нотилӣ пеш аз он ки Бухороро тарк гӯяд, ба падари Бӯалӣ тавсия намуд, ки ӯро аз ҳар коре ҷуз касби дониш боздорад. (3)

Дере нагузашт, ки Ибни Сино ба дониши пизишкӣ гароид ва дар камтарин замон дар ин ришта забардаст шуд:

“Сипас ба илми пизишкӣ гароидам ва китобҳоеро, ки дар он замон гирд овардаанд хондам ва илми пизишкӣ аз донишҳои душвор нест ва ночор ман дар камтарин замоне дар он забардаст шудам, то он ки пизишкон оғоз карданд пеши ман тибб бихонанд ва беморонро парасторӣ кардам.” (4)

Шайхурраис аз 16-солагӣ ба шакли ҷиддӣ ва шабонарӯзӣ мутолеаи фалсафаро оғоз намуд:

“Ва хондани мантиқ ва ҳамаи аҷзои фалсафаро аз сар гирифтам ва дар ин муддат ҳеч шабро то поён нахуфтам ва ҳеч рӯзро ҷуз он коре надоштам ва ҳар чӣ буд бар ман ошкор шуд…” (5)

Як рӯз дар бозори китобфурӯшон марде китоберо ба қимати ночизе бар ӯ арза кард. Шайхурраис нигоҳе ба китоб андохт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар мавзӯи мобаъдуттабиъа аст; китобе буд дар шарҳи мабонии фалсафаи илоҳӣ аз Абӯнасри Форобӣ. Мутолеаро оғоз намуд:

“Ва дар ҳамон замон ағрози ин китоб бар ман гушуда шуд, бад-он ҷиҳат, ки дар дили ман омода буд ва аз он шодӣ кардам ва рӯзи дигар моли бисёр ба тиҳидастон садақа додам, сипос Худойро!” (6)

Дар ҳамин авон, Амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дучори бемории сахте гардид, ба гунае ки пизишкон аз дармони ӯ дармонданд. Овозаи Ибни Сино дар табобат мӯҷиб шуд ӯро ба болини ин фармонраво фаро хонанд. Ӯ ба кӯмаки табибони дигар ба дармонаш пардохт ва пас аз он аз муқаррабони Амир Нӯҳ ибни Мансур гардид. (7) Аз баракоти ин ошноӣ, роҳ ёфтани Шайхурраис ба китобхонаи бузург ва машҳури дарбори сомонӣ буд. Мегӯяд:

“Ба саройе андар шудам, ки хонаҳои бисёр дошт ва дар ҳар хонае сандуқҳои китоб буд, ки рӯйи ҳам анбошта буданд, дар як хона китобҳои тозӣ (арабӣ) ва шеър, дар дигаре фиқҳ ва бад-ин гуна дар ҳар хонае китобҳои донише.” (8)

Ибни Сино дар он китобхона аз китобҳое ёд мекунад, ки то он замон ба чашм надида буд, аз ин рӯ китобҳоеро, ки ниёз дошт мутолеа намуд ва баҳраҳои фаровон бурд, ба гунае, ки мегӯяд:

“Чун ба 18-солагӣ расидам, аз ҳамаи ин донишҳо фориғ омадам.” (9)

Пайнавишт:

(1) Пури Сино, Саъид Нафисӣ, с.63.

(2) Ҳамон, с.63.

(3) Дурратул ахбор ва лумъатул анвор, Муншии Яздӣ, с.29-39.

(4) Пури Сино, Саъид Нафисӣ, с.64.

(5) Ҳамон, с.64.

(6) Ҳамон, с.65.

(7) Ахборул ҳукамо, с.269-278.

(8) Пури Сино, Нафисӣ, с.65.

(9) Ҳамон, с.65.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Озодии кӯдак дар фазои хонавода
Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман ба 3 киштии исроилӣ

Матолиби пурбоздид