Достони вазир ва сагҳои ваҳшӣ

Адаб

Достони вазир ва сагҳои ваҳшӣ

Достони кутоҳи омӯзанда

Подшоҳе дастур дод, даҳ саги ваҳшӣ тарбият кунанд, то ҳар вазир ё зердастеро, ки аз ӯ иштибоҳе сар зад, пеши онҳо биандозад ва сагҳо ӯро бо дарандагии тамом бихуранд.

Рӯзе яке аз вузаро раъйе дод, ки мавриди писанди подшоҳ набуд. Бинобар ин дастур дод, ӯро пеши сагҳо биандозанд.

Вазир гуфт: Ҳоло ки чунин аст, даҳ рӯз то иҷрои ҳукм ба ман муҳлат диҳед.

Подшоҳ низ пазируфт.

Вазир пеши нигаҳбони сагҳо рафт ва гуфт: Мехоҳам ба муддати даҳ рӯз хидмати инҳоро бикунам.

Нигаҳбон пурсид: Аз ин кор чӣ суде мебарӣ?

Вазир гуфт: Ба зудӣ хоҳӣ фаҳмид.

Нигаҳбон гуфт: Монее надорад, бифармо.

Вазир шурӯъ кард ба фароҳам кардани асбоби роҳатӣ барои сагҳо. Хурок додан, шустушуи онҳо…

Даҳ рӯз гузашт ва замони иҷрои ҳукм фаро расид.

Дастур доданд вазирро пеши сагҳо биандозанд.

Бар асоси дастур амал шуд ва худи подшоҳ ҳам наззорагари саҳна буд. Аммо бо чизи аҷибе рӯбарӯ шуд.

Ҳамаи сагҳо ба пои вазир афтоданд ва такон намехуранд.

Подшоҳ пурсид: Бо ин сагҳои ваҳшӣ чӣ кор кардӣ?

Вазир ҷавоб дод: Даҳ рӯз хидмати инҳоро кардам, фаромуш накарданд, аммо даҳ сол хидмати шуморо кардам, ҳамаро фаромуш кардед!

Подшоҳ сарашро поин андохт ва дастур ба озодии вай дод.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бист санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо мерасад
Мавъизаи ғалат ё фирор додан аз роҳи рост

Матолиби пурбоздид