Достони марги Ҳорун

Таърих
Достони марги Ҳорун
Нигоҳе ба торих
Замоне, ки бемории Ҳорунаррашид (халифаи аббосӣ) дар Хуросон шадид шуд, фармон дод, табибе аз Тӯс ҳозир кунанд. Он гоҳ суфориш кард, идрори ӯро бо идрори гурӯҳе аз беморон ва аз афроди солим бар табиб арза кунанд. Табиб шишаҳоро яке пас аз дигаре баррасӣ мекард ва бе он ки бидонад аз кист, гуфт:
– Ба соҳиби ин шиша бигӯед, васияташро омода кунад, зеро нерӯяш музмаҳил шуда ва буняаш фурӯ рехтааст.
Ҳорун аз шунидани ин хабар аз зиндагияш маъюс шуд ва ин рубоиро (ки бархе ин рубоиро ба Абулъатоийя нисбат додаанд, вале зоҳиран аз Ҳорун аст) хонд:
ان الطبیب بطبه ودوائه
لا یستطیع دفاع مكروه أتى
ما للطبیب یموت بالداء الّذى
قد کان یبرئ جرحه فیما مضى
“Табиб бо табобат ва доруяш қудрати дифоъ дар баробари чизе, ки нописанд аст (марге, ки фаро расида) надорад. Агар қудрат дорад, пас чаро худаш бо ҳамон беморӣ, ки дар гузашта онро дармон мекард, мемирад?!”
Дар он ҳол, ба ӯ хабар доданд, ки мардум шойеъаи маргашро пахш кардаанд. Ва барои он ки ин шойеа барчида шавад, фармон дод, чаҳорпое оварданд, то бар он савор шавад ва миёни мардум зоҳир гардад. Вақте савор шуд, ногаҳон зонуи ҳайвон суст шуд, гуфт:
– Маро пиёда кунед, ки шойеапароканон рост мегӯянд!
Сипас суфориш кард, кафанҳое барояш биёваранд, аз миёни онҳо якеро интихоб кард ва гуфт:
– Дар канори ҳамин бистарам қабре барои ман омода кунед.
Сипас нигоҳе дар қабр кард ва ин оятҳои қуръониро хонд:
مَا أَغْنَى عَنِّي مَالِيهْ. هَلَكَ عَنِّي سُلْطَانِيهْ
“Моли ман маро суде набахшид. Қудрати ман аз кафи ман рафт”. (Сураи Алҳоққа, оятҳои 28 ва 29)
Яъне одаме ҳастам, ки корам аз кор гузашта ва забон ба ин ҳақиқат мегушоям, ки: молу сарватам чизе аз азоби Худоро аз ман бартараф накард ва имрӯз, ки рӯзи бечорагии ман аст, ба додам нарасид, на танҳо молу сарватам мушкилеро аз ман ҳал накард ва гиреҳеро бароям нагушуд, балки қудрат ва салтанатам низ нобуд шуд ва аз дастам рафт.
(Манбаъ: “Кашкул”-и Миёнҷӣ)
Сомонаи фарҳагӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кор ва фаъолияти Мирзо Турсунзода дар Хуҷанд
Узрхоҳӣ ва бахшиш пурсидан

Матолиби пурбоздид