Достони торихӣ: НАСИБА

Таърих

Достони торихӣ: НАСИБА

Насиба

Асаре, ки рӯи шонаи Насиба духтари Каъб — ки ба номи писараш Аммора Умми Аммора хонда мешуд — боқӣ монда буд, аз як ҷароҳати бузурге дар гузашта ҳикоят мекард. Занон ва билахасс духтарон ва занони ҷавоне, ки асри Расули Худоро дарк накарда буданд ё дар он вақт кучак буданд, вақте ки аҳёнан мутаваҷҷеҳи ҷароҳатҳои шонаи Насиба мешуданд, бо кунҷковии зиёде аз ӯ моҷарои ҳавлнокеро, ки мунҷар ба захми шонааш шуда буд мепурсиданд. Ҳама майл доштанд достони ҳайратангези Насибаро дар саҳнаи Уҳуд аз забони худаш бишнаванд.

Насиба ҳеч фикр намекард, ки дар саҳнаи Уҳуд бо шавҳар ва ду фарзандаш дӯш ба дӯши якдигар биҷанганд ва аз Расули Худо дифоъ кунанд. Ӯ фақат машки оберо ба дӯш кашида буд, барои он ки дар майдони ҷанг ба маҷрӯҳон об бирасонад. Ҳамчунин миқдоре навор аз матоъ таҳия карда ва ҳамроҳ оварда буд, то захмҳои маҷрӯҳонро бибандад. Ӯ беш аз ин ду кор, дар он рӯз, барои худ пешбинӣ намекард.

Мусалмонон дар оғози мубориза, бо он ки аз лиҳози адад зиёд набуданд ва таҷҳизоти кофӣ ҳам надоштанд, шикасти азиме ба душман доданд. Душман по ба фирор гузошт ва ҷо холӣ кард, вале тӯле накашид, ки дар асари ғафлате, ки як идда аз нигаҳбонони тали Айнайн дар анҷоми вазифаи хеш карданд, душман аз пушти сар шабехун зад, вазъ иваз шуд ва иддаи зиёде аз мусалмонон аз атрофи Расули Акрам пароканда шуданд.

Насиба ҳамин ки вазъро ба ин наҳв дид, машки обро ба замин гузошт ва шамшер ба даст гирифт. Гоҳе аз шамшер истифода мекард ва гоҳе аз тиру камон. Сипари мардеро, ки фирор мекард бардошт ва мавриди истифода қарор дод. Як вақт мутаваҷҷеҳ шуд, ки яке аз сипоҳиёни душман фарёд мекашад:

— Худи Муҳаммад куҷост? Худи Муҳаммад куҷост?

Насиба фавран худро ба ӯ расонд ва чандин зарба бар ӯ ворид кард ва чун он мард ду зиреҳ рӯи ҳам пӯшида буд, заработи Насиба чандон дар ӯ таъсир накард, вале он мард зарбаи муҳкаме рӯи шонаи бедифои Насиба зад, ки то як сол мудово мекард.

Расули Худо ҳамин ки мутаваҷҷеҳ шуд хун аз шонаи Насиба фаварон мекунад, яке аз писарони Насибаро садо зад ва фармуд:

— Зуд захми модаратро бибанд.

Вай захми модарро баст ва боз ҳам Насиба машғули корзор шуд.

Дар ин байн Насиба мутаваҷҷеҳ шуд, яке аз писаронаш захм бардоштааст, фавран порчаҳое, ки ба шакли навор барои захмбандии маҷрӯҳон бо худ оварда буд, овард ва захми писарашро баст. Расули Акрам тамошо мекард ва аз мушоҳидаи шаҳомати ин зан лабханде дар чеҳра дошт. Ҳамин ки Насиба захми фарзандро баст ба ӯ гуфт:

— Фарзандам! Зуд ҳаракат кун ва муҳайёи ҷангидан бош!

Ҳанӯз ин сухан ба даҳони Насиба буд, ки Расули Акрам шахсеро ба Насиба нишон дод ва фармуд:

— Зориби писарат ҳамин буд.

Насиба мисли шери нар ба он мард ҳамла бурд ва шамшере ба соқи пойи ӯ навохт, ки ба рӯи замин афтод. Расули Акрам фармуд:

— Хуб интиқоми хешро гирифтӣ. Худоро шукр, ки ба ту зафар бахшид ва чашми туро равшан сохт.

Иддае аз мусалмонон шаҳид шуданд ва иддае маҷрӯҳ. Насиба ҷароҳоти бисёре бардошта буд, ки умеди зиёде ба зинда монданаш намерафт.

Баъд аз воқеаи Уҳуд, Расули Акрам барои итминон аз вазъи душман, билофосила дастур дод ба тарафи Ҳамроуласад ҳаракат кунанд. Сутуни лашкар ҳаракат кард. Насиба низ хост ба ҳамон ҳол ҳаракат кунад, вале захмҳои сангин иҷозаи ҳаракат ба ӯ надод. Ҳамин ки Расули Акрам аз Ҳамроуласад баргашт, ҳанӯз дохили хонаи худ нашуда буд, ки шахсеро барои аҳволпурсии Насиба фиристод. Хабари саломатии ӯро доданд. Расули Худо аз ин хабар хушҳолу масрур шуд.

(Манбаъ: Кemya.org; Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳокимаи истиқлолталабон дар Узбекистон
Ситорашинос

Матолиби пурбоздид