Ду киштии исроилӣ дар уқёнуси Ҳинд мавриди ҳамла қарор гирифт

Ду киштии исроилӣ дар уқёнуси Ҳинд мавриди ҳамла қарор гирифт
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Шабакаи хабарии Алмаёдин бомдоди сешанбе (9 январ) ба нақл аз манобеи огоҳ, аз ҳамла ба ду шиновари режими саҳюнистӣ дар таърихи 4-уми январи 2024 хабар дод.
Тибқи ин гузориш, киштиҳои мазкур, ки ҳомили миқдорҳои зиёде нафт барои режими саҳюнистӣ буданд, дар уқёнуси Ҳинд ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Алмаёдин ба нақл аз ин манобеъ гузориш дод, ки аввалин киштӣ бо номи Chem Silicon мутааллиқ ба ширкати ACA дар обҳои шимоли ғарбии Молдив ва киштии дуввум бо номи Pacific Gold мутааллиқ ба ширкати Eastern дар наздики бандари Кочи Ҳинд ҳадаф қарор гирифт.
Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз ин хабар шомили маншаи ҳамла ба ин шиноварҳо мунташир нашудааст.
Пеш аз ин, Созмони байналмилалии дарёнавардӣ эълом карда буд, ки 18 ширкати киштиронии бузург дар ҷаҳон гуфтаанд, ки ба далели ҳамалот алайҳи киштиҳо дар баҳри Сурх, масири даври Офриқоро барои ҳаракати шиноварҳои худ интихоб кардаанд.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қитъае зебо аз Устод Абдурашид Фозил
Паёми фаъолони аморотӣ ба мардуми Фаластин

Матолиби пурбоздид