Дунё ва дунёшиносӣ дар Наҳҷлбалоға

Фарҳанг

Дунё ва дунёшиносӣ дар Наҳҷлбалоға

Пас аз ҳамду ситоиши илоҳӣ, ҳамоно дунё рӯй гардонда ва рафтани худро эълом кардааст. Охират ба мо рӯй оварда ва пешравони лашкараш намоён шудааст.

Огоҳ бошед! Имрӯз рӯзи тамрину омодагӣ ва фардо рӯзи мусобиқа аст, подоши барандагон биҳишт ва кайфари ақибмондагон оташ аст.

Оё касе ҳаст, ки пеш аз марг аз хатоҳои худ тавба кунад?

Оё касе ҳаст, ки пеш аз расидани рӯзи душвори қиёмат, амалҳои хубе анҷом диҳад?

Огоҳ бошед! Ҳамакнун дар рӯзҳои орзуҳоед, ки маргро дар пай дорад. Пас, ҳар кас дар рӯзҳои орзуҳо пеш аз расидани марг амали некӯ анҷом диҳад, баҳраманд хоҳад шуд ва марг ба ӯ зиёне намерасонад ва он касе, ки дар рӯзҳои орзуҳо, пеш аз фаро расидани марг кӯтоҳӣ кунад, зиёнкор ва марги ӯ зиёнбор аст. Ҳамон гуна ки ба ҳангоми тарсу нороҳатӣ барои Худо амал мекунед, дар рӯзгори хушӣ ва комёбӣ, низ амал кунед.

Огоҳ бошед! Ҳаргиз чизе монанди биҳишт надидам, ки талабгорони он дар хоби ғафлат бошанд ва на чизе монанди оташи ҷаҳаннам, ки гурезандагони он, чунон дар хоби ғуфлат фурӯ рафта бошанд!

Огоҳ бошед! Он касеро, ки ҳақ фоида нарасонад, ботил ба ӯ зиён хоҳад расонд. Ва он касе, ки ҳидоят роҳнамои ӯ набошад, гумроҳӣ ӯро ба ҳалокат хоҳад андохт.

Огоҳ бошед! Ба рафтан фармон ёфтед ва барои ҷамъоварии тӯшаи охират роҳнамоӣ шудед. Ҳамоно ваҳшатноктарин чизе, ки бар шумо аз он метарсам, ҳавопарастӣ ва орзуҳои дароз аст. Пас, аз ин дунё тӯша бигиред, то фардо худро бо он ҳифз кунед.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чеҳраи воқеии Ҷулонӣ
Муаррифии Наҳҷулбалоға

Матолиби пурбоздид