Дуои модар
Аз Боязиди Бастомӣ, орифи бузург пурсиданд:
Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ?
Гуфт: Шабе модар аз ман об хост.
Нигаристам, об дар хона набуд. Кӯза бардоштам ва ба ҷӯй рафтам, ки об биёварам. Чун бозомадам, модар хобаш бурда буд. Пас бо хеш гуфтам: Агар бедораш кунам, хатокор хоҳам буд.
Он гоҳ истодам, то магар бедор шавад.
Ҳангоми бомдод, ӯ аз хоб бархост, сар бар кард ва пурсид: Чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам.
Ӯ ба намоз истод ва пас аз ба ҷой овардани фариза, даст ба дуо бардошт ва гуфт: Худоё! Чунон ки ин писарро бузург ва азиз доштӣ, андар миёни халқ низ ӯро азиз ва бузург гардон!
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: