Дуои фаро расидани моҳи мубораки Рамазон
Муносибатҳо
Ҳеч силоҳе барои мӯъмин беҳтар аз дуо ва ниёиш бо Худо нест. Худованди меҳрубон мефармояд:
“Ва парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, шуморо иҷобат мекунам…” (Ғофир, 60).
Дуои ҳазрати Имом Саҷҷод (а) ҳангоми фаро расидани моҳи мубораки Рамазон
Ситоиш Худойро, ки моро ба сипоси худ раҳнамоӣ ва аз аҳли он гардонид, то аз шукргузорони эҳсони ӯ бошем ва бар ин кор моро подоши некӯкорон диҳад.
Ситоиш Худойро, ки дини худро ба мо ато фармуд ва моро ба дини худ ихтисос дод ва ба роҳҳои эҳсони худ пӯё сохт, то ба фазли неъмати ӯ ба сӯи хушнудияш равона шавем; ситоише, ки онро аз мо қабул кунад ва ба сабаби он аз мо розӣ шавад.
Ситоиш Худойро, ки моҳи худ моҳи Рамазонро аз ҷумлаи роҳҳои эҳсон қарор дод, ки моҳи рӯза, моҳи Ислом, моҳи покизагӣ аз олудагиҳо, моҳи раҳо шудан аз гуноҳон ва моҳи шабзиндадорӣ аст; моҳе, ки Қуръон дар он нозил гардида; Қуръоне, ки роҳнамои мардум ва нишонаи ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.
(Моҳе, ки) ба сабаби ҳурматҳои фаровон ва фазилатҳои намоёне, ки барои ин моҳ муқаррар дошт, бартарии онро бар дигар моҳҳо ошкор фармуд. Барои бузургдошти он, чизҳоеро, ки дар моҳҳои дигар ҳалол карда буд, дар ин моҳ ҳаром гардонид ва хӯрданиҳо ва ошомиданиҳоро манъ кард ва барои он замоне муайян қарор дод, ки на иҷоза медиҳад он замони муайян пеш андохта шавад ва на мепазирад, ки ба таъхир афтад.
Он гоҳ, яке аз шабҳои ин моҳро бар шабҳои ҳазор моҳи дигар бартарӣ дод ва номи онро шаби Қадр гузошт; шабе, ки дар он фариштагон ва Руҳ бо фармони Парвардигорашон бар ҳар як аз бандагони ӯ, ки бихоҳад, бо тақдири бетағйири илоҳӣ, ки барои ҳар коре дар назар гирифта шуда, фуруд меоянд.
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва моро биёмӯз, ки чӣ гуна фазилати ин моҳро бишносем ва ҳурматашро бузург шуморем ва аз он чӣ манъамон фармудаӣ, худдорӣ кунем ва ёриямон кун, то бо нигаҳ доштани аъзо ва ҷавореҳамон аз гуноҳ ва бо ба кор гузоштани онҳо дар он чӣ сабаби хушнудии туст, рӯзҳои онро рӯза бидорем ва ба суханони беҳуда гӯш накунем ва чашми худро ба тарафи бозиҳои дунё равона накунем, ва ҳаромҳоро муртакиб нашавем ва ба тарафи корҳои бад қадам барнадорем ва шикамҳоямон ҷуз он чиро, ки Ту ҳалол кардаӣ, дар худ ҷамъ накунад ва забонамон ҷуз он чӣ ту фармудаӣ, нагӯяд ва ҷуз дар он чӣ моро ба савоби Ту наздик месозад, худро ба заҳмат наяндозем! Он гоҳ, ба лутфи худ, ҳамаи ин аъмолро аз риёи риёкорон ва овозаҷӯии овозаҷӯён пок гардон, то касеро дар ибодати худ бо Ту шарик нагирам ва ҷуз Ту манзур ва муроде наҷӯям.
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва огоҳамон бикун дар ин моҳ ба вақти намозҳои панҷгона ва ошноямон соз бо аҳкому шароити он ки муқаррар фармудаӣ ва воҷиботаш, ки лозим гардонидаӣ ва вазоифе, ки ба онҳо муваззаф кардаӣ ва ҳангомаҳое, ки барои онҳо қарор додаӣ!
Моро дар намоз бо касоне баробар соз, ки маротиби баланди онро дарёфтаанд ва аркони онро ҳифз мекунанд ва онро дар вақти худ ба равиши банда ва фиристодаи Ту, ки дурудҳои Ту бар ӯ ва хонадонаш бод, дар рукуъ ва суҷуд ва ҳамаи фазилатҳои он бо комилтарин вузӯ ва дар ниҳояти хушӯъ ба ҷой меоваранд!
Тавфиқамон деҳ, ки дар ин моҳ бо некӣ ва эҳсон ба назди хешони худ равем ва бо бахшишу ҳадяҳо аз ҳамсоягони худ дилҷӯӣ кунем ва дороиҳои худро аз ҳуқуқи мардум пок дорем ва бо ҷудо кардани закот покиза намоем ва бо касе ки бо мо дурӣ ихтиёр карда, оштӣ кунем, ва бо касе ки бар мо зулм карда, ба инсоф бархӯрд намоем ва бо касе ки бо мо душманӣ карда, сулҳ кунем, магар касе ки дар роҳи Ту ва барои Ту бо ӯ душман шудаем, ки ӯ душмане аст, ки бо вай дӯстӣ намекунем ва аз ҳизбе аст, ки бо он якрангу якдил намешавем.
Моро муваффақ кун, ки дар ин моҳ бо анҷоми корҳои неку писандида, худро ба Ту наздиктар созем; аъмоле, ки бо онҳо гуноҳонамонро бибахшӣ ва моро аз анҷоми ношоистаҳо нигаҳ дорӣ, то ҳеч як аз фариштагони Ту беш аз тоатҳои гуногуни мо назди Ту тоат наёваранд ва дар анвоъи сабабҳои тақарруб ба мо нарасанд.
Худоё, ман аз Ту мехоҳам, ки ба ҳаққи ин моҳ ва ба ҳаққи ҳар фариштае, ки ӯро муқарраби худ сохтаӣ ва ҳар паёмбаре, ки ӯро ба рисолат фиристодаӣ ва ҳар бандаи солеҳе, ки баргузидаӣ ва ӯ аз аввал то охири ин моҳ ба ибодатат кӯшидааст, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва моро шоистаи он каромате бикун, ки ба дӯстони худ ваъда фармудаӣ ва аз он чӣ барои бандагони кӯшо дар итоати худ қарор додаӣ, бархӯрдорамон соз ва ба раҳмати худ моро дар саффи ононе даровар, ки болотарин мартабаҳои биҳиштро сазоворанд!
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва чунон кун, ки мо аз каҷравӣ дар масъалаи тавҳиди Ту ва кӯтоҳӣ дар бузургдошти Ту ва шак дар дини Ту ва гум кардани роҳи Ту ва ғафлат аз ҳурматгузории Ту ва фиреб хӯрдан аз душмани Ту — шайтони рондашуда, барканор бошем!
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва ҳаргоҳ дар ҳар як аз шабҳои ин моҳ бахшиши Ту ҷамъе аз бандагонатро аз банди азоб раҳоӣ бахшад ва гузашти Ту онҳоро бибахшад, моро аз ҷумлаи ин бандагон қарор деҳ ва дар шумори беҳтарин касоне даровар, ки бо ин моҳ ба сар бурдаанд ва бо он ҳамроҳӣ кардаанд!
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва чун ҳилоли ин моҳ нопадид шавад, гуноҳони моро низ аз байн бубар ва чун рӯзҳои он ба поён расад, олудагиҳои моро низ аз миён бардор, то дар ҳоле онро пушти сар гузорем, ки Ту моро аз ҳар хато ва аз ҳар гуноҳ покиза сохтаӣ!
Худоё, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва агар дар ин моҳ миёнаравӣ пеш нагирифтаам, моро ба роҳи миёна биёвар ва агар аз роҳи рост баргаштаем, ба роҳи ростамон бидор ва агар душмани Ту — шайтон моро иҳота кардааст, моро аз чанги ӯ раҳоӣ бахш!
Худоё, ин моҳро бо ибодати мо пур соз ва лаҳзаҳояшро бо тоати мо зинат бахш ва моро ёрӣ кун, ки рӯзҳояшро рӯза бидорем ва шабҳояшро бо намозу ниёз ва фурӯтанӣ ва изҳори хоксорӣ дар баробари Ту ба субҳ расонем, то ҳеч рӯзи он бар ғафлати мо ва ҳеч шаби он бар кӯтоҳии мо гувоҳ набошад!
Худоё, моро дар моҳҳо ва рӯзҳои дигар ва то зиндаем ин гуна қарор деҳ ва аз он бандагони шоистаи худ гардон, ки биҳиштро ба мерос мебаранд ва дар он ҷовидона мемонанд; онон, ки он чӣ бояд (дар роҳи Худо) бидиҳанд, медиҳанд ва дар ҳоле ба сӯи Парвардигорашон бозмегарданд, ки дилҳояшон ҳаросон аст; онон, ки дар корҳои нек шитоб мекунанд ва ҳамонҳо, ки дар ин корҳо аз ҳам пешӣ мегиранд!
Худоё, дар ҳар вақт ва дар ҳар замон ва дар ҳар ҳол, бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист, ба шумори дурудҳое, ки бар дигарон фиристодаӣ ва чандин баробари ҳамаи онҳо, чандон, ки ҷуз Ту касе онро натавонад бишуморад, чун ту ҳар чӣ хоҳӣ ҳамон кунӣ!
Дуои Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон аз Саҳифаи Саҷҷодия
Қаламонлайн
qalamonline.net













