Дуои хайре барои Ҳаҷҷоҷ
Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ
Дарвеше мустаҷобуддаъва(1) дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро(2) хабар карданд. Бихондашу гуфт:
— Дуои хайре бар ман бикун.
Гуфт:
— Худоё, ҷонаш биситон!
Гуфт:
— Аз баҳри Худой, ин чӣ дуост?!
Гуфт:
— Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусалмононро.
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
* * *
(1) Мустаҷобуддаъва: касе ки дуояш ба иҷобат мерасида.
(2) Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ: аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳокимони торих. Ӯ аз тарафи Абдулмалик ибни Марвон, халифаи умавӣ, волӣ ва устондори Ироқ (Куфа ва Басра) таъйин шуд ва ҳудуди 20 сол ҳукумат кард ва то тавонист зулм кард.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: