Дурӣ аз аҳмақ

Адаб

Дурӣ аз аҳмақ

(Ҷумалоте ҳикматомӯз аз ҳазрати Алӣ (а))

Ҳамсӯҳбат шудан бо аҳмақ руҳро ранҷ медиҳад.

***

Дӯстӣ бо аҳмақҳо монанди сароб зуд аз байн меравад ва монанди абр зуд пора-пора мешавад.
* * *

Аз ҳамнишинӣ бо аҳмақ дурӣ кун; зеро аҳмақ мехоҳад судат расонад, вале зиёнат мезанад.

* * *

Дӯсти шахси аҳмақ ҳамеша дар ранҷ аст.

* * *

Дӯсти аҳмақ ҳамеша дар лаби партгоҳи табоҳӣ аст.

* * *

Ҳарчи метавонӣ, аз инсонҳои пасту аҳмақ фирор кун.

* * *

Касе ки аз ҳамнишинӣ бо аҳмақон парҳез накунад, ба зудӣ ба ахлоқи онон низ гирифтор шавад.

* * *

Дӯстӣ бо аҳмақ ҳамчун дарахтест, ки оташ гирифтааст, ки баъзе аз қисматҳои он баъзе қисматҳои дигарро мехӯрад.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсони воқеӣ кист?
Худшиносӣ

Матолиби пурбоздид