Едиот Аҳронот: “Ҳамос дар масири пирӯзӣ аст”

Едиот Аҳронот: “Ҳамос дар масири пирӯзӣ аст”

Ахбори байналмилал

Таърихнигори исроилӣ, Юфал Ной Ҳарорӣ, бо интишори ёддоште дар рӯзномаи Едиот Аҳронот, дар бораи ҷанги Телавив алайҳи Ғазза навишт, ки “ҷанги бидуни аҳдофи воқеъбинона, нусхаи тазминшудаи шикаст аст”.

“Давлати Исроил барои ин ҷанг, ҳеч ҳадафи воқеӣ надорад; давлате, ки нахуствазираш машғули наҷоти курсии қудрати худ аст.” – Ин интиқоди тунди таърихнигори исроилӣ аз сиёсатҳои Бенёмин Натонёҳу аст.

Дар идомаи ёддошти Ҳарорӣ омадааст, ки пирӯзӣ дар Ғазза барои тарафе нест, ки бештар мекушад, асири бештаре мегирад, хонаҳои бештареро вайрон мекунад ё сарзаминҳои бештареро ишғол мекунад, балки тарафе пирӯз хоҳад шуд, ки ба аҳдофи сиёсиаш наздиктар мешавад.

Вай дар идомаи ёддоште, ки Едиот Аҳронот мунташир кард, менависад, ки “аҳдофи сиёсии Ҳамос комилан равшан буда ва бархе аз онҳо қаблан муҳаққақ шудаанд, ин ҷунбиш ҳатто барои дастёбӣ ба аҳдофи бештар ҳам замон дорад; ин аҳдоф фақат барои Исроил мубҳам ҳастанд ё вуҷуд надоранд.”

Ин муаррихи исроилӣ дар бахши дигаре аз ёддошти худ фазои минтақа қабл аз 7 октябрро ёдовар шуд ва навишт: “Замоне Исроил ба такмили тавофуқи оддисозӣ бо Арабистони Саудӣ бисёр наздик шуд ва мехост ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон тағйир диҳад, аммо Ҳамос ин равандро мутаваққиф кард.”

Ҳарорӣ бавежа бар афзоиши эҳсосоти зидди исроилӣ дар саросари ҷаҳон ва коҳиши ҷойгоҳи байналмилалии он ба “пойинтарин сатҳ”, ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ, ки тайи солҳо бо Исроил дӯст буданд, тамаркуз карда ва навишт: “Бо ҳар рӯз ҷанги изофӣ, Ҳамос як гоми дигар дар масири пирӯзии худ пеш меравад”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзадории шахси бадахлоқ
Аксарияти Сенои Омрико хостори барканории Натонёҳу ва ташкили ду кишвари мустақил

Матолиби пурбоздид