Забони коргар

Фарҳанг

Забони коргар

Аз вежагиҳои характери тоҷик яке ҳам ин аст, ки агар эҳтиромаш куни, гумон мекунад аз ӯ тарсидаӣ. Вежагии дигараш ҳам ин ки забони лутфу одобу забони ахлоқ таъсираш намекунад. Дар Душанбеи асри 21 забони “мулоим” коргар нест. Ин ҳикояи устод Абдуқодири Рустам аз ҳамин хусус нақл мекунад. (Азиз Нақибзод)

Абдуқодир Рустам

Забони коргар

Дўстам Абдулаҳади Исо ҳикоят кард:

Дар канори бозори «Саховат» бачаи 13 –14 солае дар зарфҳои шишагии селитра бензин мефурўхт, мошинро нигоҳ доштаму гуфтам, ки бакро пур кунад ва чун сафари тўлонӣ дар пеш доштам ва ҳамон шабу рўз сўхт ҳам кам буд, хостам ягон чалак (конистер) бензин бо худ ҳам бигирам. Ба бензинфурўш гуфтам, агар чалак дорад, бифурўшад то бензин бихарам. Надорам, гуфт, ака, вале даруни дарвозаи бозор бидаро як аврат мефуруша, бистлитра. Ва чун, албатта, мехост ҳарчи зудтар бензинашро бифурўшад, ба раҳнамоии даҳонӣ ҳам қаноат накард ва пеш даромаду маро то назди он зан бурд ва худ шитобон бозгашт. Ман ҳам пулро додам, бақияи пуламро гирифтам ва чалакро бардоштаму омадам.

Чун писарак қифро гузошту ба рехтани бензин шуруъ кард, дидем аз зери чалак бензин метаровад ва писарак бо оҳу воҳ зуд банкаро боло бардошт. Ман чалакро бардоштаму ба назди фурўшандазан рафтам. Вай машғули суҳбати гарм бо зани дигар буд. Дидам, ки ба ман эътино накард ва суҳбаташон ҳам ба ин зудӣ поён намеёбад, гуфтам:

– Хоҳар, ин чалака иваз кунед, сӯрох будаст.

Вай чунон ба ман ва баъд ба чалак нигоҳ давонд, ки гўӣ ҳар дуро бори аввал медид.

– Аз ман харида будӣ?

– Албатта, агар не, намеомадам!

– Кай?

– Ҳоло панҷ дақиқа ҳам нашудаст!

– Ман се сол шуд чалак мефурўшам, ягон кас баргашта наомад, ки чалакат сӯрох!

Гумон кардам шўхӣ мекунад ва ман ҳам ба лаҳни шўхӣ гуфтам:

– Бибии раҳматии ман 93 сол умр диданд, ҳатто як бор бемор нашуданд, як саҳар хестем, ки дар ҷойи хоб мурдаанд!

– Мара масхара мекунӣ, худат бурдӣ сӯрох кардӣ овардӣ, фиребам мекунӣ!

– Чӣ хел фиреб, ман чаро чалак харидам, ки сӯрохаш кунам, ҳоло панҷ дақиқа нашуда, ки аз шумо харидам, ду сомонӣ бақия ҳам додед.

– Намедонам, ман имрўз ҳоло ягон чалак нафурўхтаам!

Вай намоишкорона рўй тофт ва боз машғули сӯҳбат бо зани ҳамсояаш шуд.

Ман чанди дигар ба инсоф хондамаш, Худову Каломашро шафеъ овардам, вале асаре надошт, гӯйӣ ба девор гап мезадам.

Сари хам, дилам пур аз оташи ғазаб ва чеҳраам, эҳтимол аз қаҳру ғазабу заъфу нотавонӣ сурх баргаштам. Писари бензинфурўш ранг диду ҳол пурсид:

– Чӣ шуд муаллим?

Ҳар чиро, ки бо занак радду бадал карда будем, нақл кардамаш.

– Тамом?

– Тамом!

– Дигар чизе нагуфтиш?

– Дигар чӣ гўям!

– Рафтем, – гуфт, – чалакро аз дастам гирифт ва чунон чуст қадам бардошт, ки маро ҳам лозим омад, калонтар қадам бардорам.

Писарак ба пештахтаи зани чалакфурӯш расид, чалакро бардошт ва оҳиста ба миёни зан, ки ҳанӯз машғули сӯҳбат буд, зад ва чун зан як қад парида рӯй гардонд, фурсати даҳон боз кардан надодаш ва бо тундӣ, бо ҷаҳл ва тезӣ гуфт:

– Эй бева, ҳамин чалака ай пешут мехалонаму ай пуштут мекашум. Э духтарта…, очата… Мара Карими бензинфурўш меган-а, фамидӣ …

Зан ба худ ларзид, сухане нагуфт, хам шуд ва аз зери пештахта чалакеро берун оварду ба ман дароз кард.

– Ай барои Худо, нахо ай барои як чалак ҳаминта бигӯйӣ бачам, бигӣ, бигӣ.

Ман чалакро гирифтам. Карими бензинфурш чалаки сӯрохи дасташро аз болои китфи зан ба паси пештахта партофт ва ба қафо гашту ҳамон сон чусту чобук қадам заду рафт.

Баъд аз он ки чалакро бензин пур кард, гуфт, муаллим гапзания ёд бигӣ, интарӣ, ки ту гап мезанӣ, читарӣ зиндагӣ менӣ!

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Азиз Нақибзод

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон
Ҷанги филҳо ва чанги ғофилҳо

Матолиби пурбоздид