Занги хатари Иттиҳодияи Аврупо бар асари ҷиноёти саҳюнистҳои исроилӣ

Занги хатари Иттиҳодияи Аврупо бар асари ҷиноёти саҳюнистҳои исроилӣ

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши хабаргузории Форс, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, зимни ибрози нигаронӣ дар бораи ташдиди хушунатҳо дар Каронаи Бохтарӣ дар Фаластин, эълом кардааст, ки дар рӯзҳои ахир 10 фаластинӣ кушта шудаанд.

Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи афзоиши сатҳи хушунатҳо дар Каронаи Бохтарӣ нигаронии шадиди кишварҳои аврупоиро эълом намудааст.

Ин масъули аршади Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир 10 фаластинӣ, дар ҳамалоти неруҳои амниятии исроилӣ кушта шудаанд ва бояд дар ин замина таҳқиқ шавад.

Инчунин Боррелл афзудааст, бояд бар асоси қавонини байналмилалӣ дар бораи он чизе, ки тайи рӯзҳои ахир дар Каронаи Бохтарӣ дар Фаластин рӯй додааст, таҳқиқоти лозим анҷом бишавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон – интихоботи солим
Тавофуқномаи иқтисодии Узбекистон бо кишварҳои аврупоӣ ба марҳалаи амал мерасад

Матолиби пурбоздид