Зарурати вуҷуди мухолифон дар ҳар ҳукумате

Зарурати вуҷуди мухолифон дар ҳар ҳукумате

Пораҳое аз “Рисолаи сиёсат”-и Ибни Сино

Бахши аввал

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рисолае дорад бо номи “Рисолаи сиёсат”. Ин рисола бо вуҷуди кӯтоҳ будан, аммо бисёр пурмуҳтавост ва ба забони арабӣ нигошта шудааст.

Аз ҷумла, дар бобе таҳти унвони “Зарурати вуҷуди касоне, ки костиҳо ва айбҳои ҳокимонро бозгӯ мекунанд” (яъне зарурати вуҷуди мухолифон ва мунтақидон барои ҳар ҳоким ва ҳукумат), мегӯяд:

“Ҳокимон шоистатарин ва ниёзмандтарини мардумон ба ин амр (бозгӯ шудани айбҳо ва костиҳо) ҳастанд. Зеро агар аз сайтараи мушовара (ва насиҳат) ва зоҳири худро дуруст кардан хориҷ шаванд (ва касе набошад, ки айбҳо ва костиҳои онҳоро барояшон гӯшзад намояд), дар ин сурат, ба хатоҳо ва лағзишҳояшон бетаваҷҷӯҳ мешаванд ва аз ин ки аз лағзишҳои худ пушаймон шаванд, беэътино мегарданд; дар натиҷа, одаташон бар зиёд раҳо будан ва кам хиҷолат кашидан истимрор пайдо хоҳад кард; магар шуморе андак аз ҳокимон, ки ақлашон комил ва басираташон дар муроқибат аз нафс нофиз шуда ва он гоҳ рафторашон некӯ ва роҳу равишашон дуруст гардида бошад.

Аз чизҳое, ки ба сабаби пинҳон мондани айбҳои ҳокимон, бар фасоди онҳо меафзояд, ин аст, ки онҳо аз ин ки касе рӯ дар рӯ айбҳои эшонро бигӯяд ва костиҳо ва бадиҳояшонро бар забон ҷорӣ созад ва ошкоро интиқод ва сарзанишашон намояд ва аз ин ки бадӣ, тундхӯӣ, палидӣ, гуноҳ ва зиштгӯии онҳоро ошкор созад, тарсонда мешаванд. (Яъне чоплусоне пайдо мешаванд, ки ҳамеша мардумро аз интиқоди ҳоким барҳазар медоранд).

Ва вақте ҳам, ки ҳокимон аз донистани айбҳои худ ғофил монданд (ва надонанд, ки куҷои корашон айб дорад), гумон мекунанд, ки онҳо ҳеч айбе надошта ва ҳеч рафтори ношоисте аз онҳо содир намешавад; дар натиҷа, ба тағйири равиши худ иқдом накарда ва аз рафтори худ нохурсанд нахоҳанд буд…”

Идома дорад…

(Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чашмандозҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо
Дарди дили танг нагуфтам…

Матолиби пурбоздид