Захмӣ ва кушта шудани 30 низомии исроилӣ дар амалиёти Қассом

Захмӣ ва кушта шудани 30 низомии исроилӣ дар амалиёти Қассом

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, бо судури баёнияе, аз амалиёти ҷадиди худ алайҳи низомиёни саҳюнист хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, гурдонҳои Қассом эълом кард, муҷоҳидон ин гурдонҳо хонаи бомбгузоришударо дар минтақаи Банӣ Суҳайло дар шаҳри Хон-Юнус дар ҷануби навори Ғазза пас аз ҳузури ҳудуди 30 нафар аз нерӯҳои пиёдаи артиши режими саҳюнистӣ мунфаҷир карданд, ки дар ин амалиёт ин хона ба таври комил тахриб шуд ва нерӯҳои ишғолгар кушта ва захмӣ шуданд.

Қассом ду тонк ва як булдозерро ҳадаф қарор дод

Гурдонҳои Қассом ду тонки “Меркава” ва як булдозери низомӣ аз навъи D9-ро дар минтақаи Ибсон дар шарқи ХонЮнус бо рокети зидди зиреҳи “Ёсин-105” ҳадаф қарор дод.

Ҳамлаи паҳподӣ ба бандари Илот

Манобеи исроилӣ аз ба садо даромадани ожири хатар дар шаҳри ишғолии Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Радиои саросарии режими саҳюнистӣ эълом кард, падофанди ҳавоии ин режим шайъеро дар осмони Илот раҳгирӣ кардааст. Бархе манобеъ низ аз шунида шудани садои ду инфиҷор дар Илот хабар доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз ҳадаф қарор додани як фарванд паҳподи муҳоҷим бар фарози осмони шаҳри бандарии Илот хабар дод.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳусӣ: Таърихи Амрико ва Англис пур аз қатли ом ва куштор аст
“Ҳама хуб мешавад”

Матолиби пурбоздид