Зеленский ба Исроил меравад

Зеленский ба Исроил меравад

Ахбори байналмилал

Сафари Зеленский ба “Исроил”

Расонаҳо гузориш карданд, ки Владимир Зеленский рӯзи душанбе ё сешанбе барои дидор бо мақомҳои режими саҳюнистӣ ба “Исроил” сафар мекунад.
Ба гузориши расонаи давлатии исроилӣ (Times of Israel), “омодасозӣ барои сафари Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Укройн ба Телавив” сурат мегирад.
Бар асоси ин гузориш, сафари Зеленский ба Исроил, “намоёнгари як ҷабҳаи муттаҳиди Исроил-Укройн-Урупо ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи меҳвари Русия-Эрон” маҳсуб мешавад.
Гузориш меафзояд, акси ёдгории Зеленский бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Исҳоқ Ҳертзег, раиси ҷумҳури ин режим, “ин паёмро ирсол мекунад, ки ҷаҳони равшанфикр, ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст, муқобили як ҷаҳони камтар равшанфикр меистад ва ҳамла мекунад».
Гуфтанист, сафари Зеленский ба Исроил се ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки Телавив пешниҳоди раиси ҷумҳури Укройн барои сафар ба Телавивро рад карда буд ва мақомҳои режими саҳюнистӣ ба ӯ гуфта буданд, ки ҳамакнун замони муносибе барои ин сафар нест.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Туркия сафири худро аз Телавив фаро хонд
Амрико: Ба дунболи даргирӣ бо Эрон нестем

Матолиби пурбоздид