Зиндагиномаи Бӯалӣ Сино – II

Таърих
Зиндагиномаи Бӯалӣ Сино
Бахши дуввум
Аз иноятҳои дигари Парвардигор ба Ибни Сино ин буд, ки Амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дучори бемории сахте гардид, ба гунае, ки пизишкон аз дармони ӯ дармонданд. Овозаи Ибни Сино дар табобат мӯҷиб шуд ӯро ба болини ин фармонраво фаро хонанд. Ӯ ба кӯмаки табибони дигар ба дармонаш пардохт ва пас аз он аз муқаррабони Амир Нӯҳ ибни Мансур ба ҳисоб омад. (1) Аз баракоти ин ошноӣ, роҳ ёфтани Шайхурраис ба китобхонаи бузург ва машҳури дарбори Сомонӣ буд.
“Ба саройе андар шудам, ки хонаҳои бисёр дошт ва дар ҳар хонае сандуқҳои китоб буд, ки рӯйи ҳам анбошта буданд, дар як хона китобҳои тозӣ (арабӣ) ва шеър, дар дигаре фиқҳ ва бад-ин гуна дар ҳар хонае китобҳои донише.” (2)
Ибни Сино дар он китобхона аз китобҳое ёд мекунад, ки то он замон ба чашм надида буд, аз ин рӯ китобҳоеро, ки ниёз дошт мутолеа намуд ва баҳраҳои фаровон бурд, ба гунае, ки мегӯяд:
“Чун ба 18-солагӣ расидам, аз ҳамаи ин донишҳо фориғ омадам.” (3)
Аммо мутаассифона иддае аз тангчашмон ва фурӯмоягон, ба ҷойгоҳи Шайхурраис ҳасад бурданд ва китобхонаро шабонгоҳ ба оташ кашиданд ва Ибни Синоро мусаббиби он муаррифӣ карданд, бо ин баҳонаи воҳӣ, ки Шайхурраис мехоста ҳамаи улуми мундараҷ дар он китобҳоро ба худ нисбат диҳад.
Аммо Амир Нӯҳ чун аз шахсияти волои Шайхурраис ба хубӣ огоҳ буд, на танҳо эътиное нанамуд, балки ҳурмати Шайхурраис беш аз пеш дар нигоҳаш афзун гашт. Шайхурраис низ ба нишонаи сипосгузорӣ, китоберо, ки дар он аз “қувваҳои нафсонӣ” баҳс шуда буд, ба манзури ҳидояти Нӯҳ ибни Мансур ба риштаи таҳрир даровард ва ба ӯ ҳадия намуд. (4)
Дар ҳамон даврон, ки синни Шайхурраис аз 21 сол таҷовуз намекард, китобе дар ҳикмат ба дархости Абулҳасани Арӯзӣ (аз донишмандон ва нависандагони муосири Бӯалӣ) падид овард. Ва ҳамчунин ба дархости Шайх Абӯбакри Хоразмӣ, ки марде покизасиришт ва соҳибназар дар фиқҳ ва тафсир буд, китоби ҳаҷиме бо унвони “Алҳосилу вал-маҳсул” дар ҳикмат ва фалсафа ва “Албирру вал-исм” дар илми ахлоқро нигошт. (5)
Ҳиҷрат
Шайхурраис дар 22-солагӣ бо зойеъаи реҳлати андӯҳбори падар рӯ ба рӯ шуд. (6) Дар ин давра ӯ дар дастгоҳи Амир Абдулмалик ибни Нӯҳ (Абдулмалики 2), ҳокими сомонӣ, порае аз корҳои давлатиро бар ӯҳда гирифта буд. Дар соли 389 ҳ.қ Абдулмалик аз саркардаи хонадони Қарохониён шикаст хӯрд ва Ибни Сино Бухороро ба хотири ин таҳаввулоти муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоӣ тарк кард. (7)
Аз ин таърих ба баъд, Бӯалӣ Сино дар матни талхтарин ҳаводиси рӯзгори худ қарор гирифт ва дар амвоҷи бӯҳронофаринии зӯрмадорон ва манфиатпарастон гирифтор омад ва лаҳзае ранги оромиш бар худ надид ва доиман аз шаҳре ба шаҳри дигар ба ҳолати хавфу раҷо дар сафар буд.
Дар ҳудуди соли 392 ҳ.қ ӯ дар ҳоле ки ридои толишӣ (тайласон) бар дӯш, либоси фақеҳон бар тан ва аммома бар сар дошт, раҳсипори Гургонҷ — минтақае дар шимоли ғарби Хоразм — гардид ва ба сурати ношинос дар маҷлиси Абулҳусайни Суҳайлӣ, вазири донишманди Алӣ ибни Маъмун ибни Хоразмшоҳ, ҳокими он диёр ворид шуд. Суҳайлӣ, ки марде донишдӯст ва фақеҳ буд, ибтидо эҳтироме дархӯри шахсияти Бӯалӣ баҷо наёвард, аммо замоне ки як баҳси фиқҳӣ ба миён омад ва дарёфт, ки бо марде донишвар ва фозил ҳамсӯҳбат шудааст, бедиранг аз ҷойгоҳи худ бархост ва Шайхурраисро бар он нишонд ва вақте аз ному нишонаш огоҳ шуд, ӯро ба Алӣ ибни Маъмун муаррифӣ кард.
Алӣ ибни Маъмун бо таҷлил ва такрими фаровон аз Шайхурраис истиқбол ва ҳамаи имконоти иқомати вайро фароҳам кард. ( 8 )
Овозаи иқомати Шайхурраис дар Гургонҷ ба зудӣ ба ҳаволии мухталиф ба вижа дастгоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки султаи худро дар он манотиқ густариш дода буд расид. Маҳмуди Ғазнавӣ таъассуби ифротӣ дар мазҳаб дошт. (9) Ӯ бо файласуфон ва ҳакимон миёнаи хубе надошт (10) ва дар таҳоҷум ба Рай дар соли 420 ҳ.қ, дастур дод 50 харвор китоб ва осори фалосифаро дар зери пойи эъдомиёне, ки ба дарахт овехта шуда буданд, бисӯзонанд. (11)
Дар матни номулойимот
Гароиши Бӯалӣ ба фалсафа ва ҳикмат боис шуд Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Ҳасан ибни Муҳаммади Миколӣ (Ҳасанаки вазир)-ро маъмур кунад, то назди Абулаббос Маъмун биравад ва аз вай бихоҳад Бӯалӣ ва чанд нафари дигар аз донишмандон аз ҷумла Абӯрайҳони Беруниро ба тахтгоҳи вай гусел дорад. (12) Аммо Шайхурраис чун намехост ба дарбори Султон Маҳмуд биравад, ҳамроҳи донишманде масеҳӣ ба номи Абӯсаҳл аз манотиқи мухталифе мисли Насо, Боварад, Тӯс, Самангон (13) ва Ҷоҷарм (14) гузар кард ва қасди Гургон ва дарбори Амир Шамсулмаъолӣ Қобус ибни Вашмгири Дайламӣ (аз фармонравоёни Оли Зиёр)-ро намуд. Зеро Қобус марде дӯстдори илм ва олим буд ва муддате низ аз Абӯрайҳони Берунӣ пазироӣ карда буд.
Аз бадбахтии рӯзгор, Бӯалӣ дар миёнаи роҳ хабардор шуд, ки иддае аз лашкариёни Қобус бар вай шӯрида ва зиндониаш намудаанд, пас баночор роҳи Деҳистон дар пеш гирифт ва муддатеро дар онҷо ба сар бурд. Вале чун дучори бемории сахте шуд, ба Гургон бозгашт. (15)
Дар Гургон бо Абӯмуҳаммади Шерозӣ, аз шефтагони ҳикмат ва фалсафа ошно гашт. Ӯ ба ҷиҳати он ки аз маҳзари Шайхурраис ниҳояти истифодаро бинамояд, хонае дар ҳамсоягии худ барои Шайхурраис харид. Бӯалӣ низ фурсатро ғанимат шумурд ва ба таълиф ва тадвини осоре чун “Мухтасарул-авсат” дар мантиқ ва “Алмабдаъу вал-маъод” дар ҳикмат ва фалсафа машғул гашт. (16)
Қобус ибни Вашмгир дар соли 403 ҳ.қ даргузашт ва фарзандаш Манучеҳр, ки худро сарсупурдаи Маҳмуди Ғазнавӣ эълом карда ва духтарашро ба ҳамсарӣ баргузида буд, ҷонишини падар гашт. (17) Ӯ бар хилофи падар, миёнае бо аҳли маърифат ва адаб надошт (18), аз ин рӯ Ибни Сино ин бор аз Гургон ҳам кӯч кард, дар ҳоле ки бо диле оканда аз ранҷу дард қасидае дар расои худ месуруд. Байте аз он қасида:
لمّا عظمتُ فلیس مصرُ واسعى
لمّا غَلاَ ثَمنى عُدِمتُ المُشتَرى
Яъне “Он гоҳ ки номам баланд гашт, ҳеч шаҳре гунҷоиши маро надошт, ва чун баҳои колоям гарон гардид, муштарӣ ноёб шуд.” (19)
Рафиқи шафиқ
Абӯубайди Ҷузҷонӣ, шогирди вафодори Шайхурраис, дар ҳамин даврон ба маҳзари ӯ расид ва то поёни зиндагии Ибни Сино шарики фарозу фуруди зиндагии пурмоҷарои ӯ шуд. Бахше бузург аз донистаҳои марбут ба зиндагии Шайхурраис, ки инак дар ихтиёри мост, ҳосили талошҳои ӯст. Ҷузҷонӣ қисмате аз таърихи зиндагии Бӯалиро бо баёни Шайхурраис навишт ва бахши дигарро худ ба нигориш даровард.
Меҳмони Дайламиён
Дар ҳудуди соли 404 ҳ.қ Шайхурраис аз Гургон хориҷ ва озими Рай гардид. Ҳукмрони Рай бонуи ботадбире ба номи Сайида Хотун Уммул-мулуки Дайламӣ буд, ки баъд аз даргузашти ҳамсараш Фахруддавлаи Дайламӣ ба ниёбат аз фарзанди хурдсолаш Маҷдуддавла зимоми умурро дар даст дошт. Фарзанди дигараш Шамсуддавла ҳокими Ҳамадон ва ғарби Эрон буд. Писардоияш Алоуддавлаи Дайламӣ низ бар Исфаҳон мусаллат буд. Гӯё ин тавзеъи қудрат миёни Дайламиёнро — ки аз се шохаи Зиёриён, Оли Буя ва Банӣ Кокуя нашъат гирифта буд — Сайида Хотун анҷом дода буд. (20)
Сайида Хотун ва фарзандаш Маҷдуддавла вуруди Ибни Сино ба Райро гиромӣ доштанд. Бӯалӣ дар Рай тавоноии худ дар табобатро буруз дод. Ва Маҷдуддавларо, ки гирифтори молихулиё шуда буд, дармон ва китоби “Маъод”-ро ба номи ӯ таълиф кард. (21) Давлати иқболи Шайхурраис дар Рай низ бо таассуф дере напоид, зеро шойеъ шуд Султон Маҳмуди Ғазнавӣ қасди тасхири Райро дорад (22), аз ин рӯ Шайхурраис оҳанги Қазвин ва Ҳамадон кард ва бемории Шамсуддавла — ҳокими Ҳамадонро дармон намуд. Шамсуддавла ҳам ба расми сипосгузорӣ хилъате ба вай дод ва чанд рӯзе дар иморати худ аз ӯ ба гармӣ пазироӣ кард. (23) Вай дар яке аз ҳамалоти худ барои тасарруфи Қармисан (Кирмоншоҳи кунунӣ) Бӯалӣ Синоро низ бо худ бурд. Ин ҷанг, ки дар соли 406 ҳ.қ рӯй дод, бо шикасти Шамсуддавла поён гирифт. Шамсуддавла пас аз ин шикаст Ибни Синоро ба вазорати олияи худ мансуб намуд ва идораи умури ҳукуматиро ба ӯ супурд, аммо чун хазонаи ҳукумат аз дороӣ холӣ буд, гурӯҳе аз соҳибмансабон ва лашкариён ибрози норизоятӣ карданд ва аҷиб он ки ангушти иттиҳомро ба сӯйи Ибни Сино нишона гирифтанд. Саранҷом гурӯҳе аз онон ба хонаи Шайхурраис юриш оварданд ва дороии ӯро ба ғорат бурданд ва ҳатто аз Шамсуддавла хостори қатли вай гаштанд, аммо Шамсуддавла аз ин амр сар боз зад ва барои эҷоди оромиш дар қаламрави ҳукуматаш Бӯалиро аз вазорат барканор кард. (24) Шайхурраис ҳам ба хонаи яке аз дӯстонаш ба номи Абӯсаъиди Духдук паноҳ бурд ва 40 рӯз дар он хона узлат гузид. То он ки фиристодагони Шамсуддавла бори дигар барои дармони қулинҷ (колика) ӯро фаро хонданд. Ибни Сино ҳам ба муолиҷааш пардохт ва бори дигар ба вазорат интихоб шуд. (25)
Дар ин миён яке аз шогирдони донишвари Шайхурраис ба номи Абӯабдуллоҳ, ки аз саргарм шудани устодаш ба умури ҳукуматӣ сахт дилгир буд, аз вай хост, то шарҳе бар китобҳои Арасту бинигорад, ки бо посухи манфии устод мувоҷеҳ гашт, аммо Шайхурраис саранҷом бар асари исрори беандозаи шогирд мутақоъид гашт мӯътақадоти хосси фалсафии худро дар китобе ҷамъ оварад бе он ки ба орои мухолифон бипардозад. Ин масъала нуқтаи оғози таълифи китоби гаронсанги “Шифо” буд, ки аз мабҳаси табииёт шурӯъ шуда буд. Шайхурраис ҳамзамон ба тадвини бахше аз китоб муҳимми “Қонун” дар илм пизишкӣ низ пардохта буд. (26)
Шайхурраис дар ин мақтаъ рӯзҳоро ба умури иҷроӣ ва ҳукуматӣ иштиғол дошт ва шабонгоҳ ҳалқаи дарси пурравнақеро бо ҳузури руҳониён ва донишмандони улуми мухталиф ташкил медод.
Идома дорад…
* * *
Пайнавишт:
(1) Ахборул ҳукамо, с.269-278.
(2) Пури Сино, Нафисӣ, с.65.
(3) Ҳамон, с.65.
(4) Аъёнуш-шиъа, Сайидмӯҳсини Амин, ҷ.6, с.72-80.
(5) Номаи донишварон, ҷ.1, с.95.
(6) Татиммату сувонил ҳикма, с.44.
(7) Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.4, с.2.
8 Татиммату сувонил ҳикма, с.44.
(9) Ҳуҷҷатулҳақ Абӯалӣ Сино, Сайидсодиқи Гавҳарайн, с.139.
(10) Алкомил, Ибни Асир, ҳаводиси соли 420, Таърихи ислом, Заҳабӣ, ҷ.3, с.168.
(11) Муҷмалут-таворих валқисас, с.404.
(12) Чаҳор мақола, Аҳмад ибни Низомии Арӯзӣ, с.77-79 ва 118-120.
(13) Шаҳре дар наздикии Ҷоҷарм ва Нишопур.
(14) Сарҳади ниҳоии Хуросон.
(15) Ҳамон, с.121.
(16) Номаи донишварон, ҷ.1, с.101.
(17) Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.4, с.3.
(18) Муъҷамул-удабо, Ёқути Ҳамавӣ, ҷ.13, с.145.
(19) Ъуюнул анбоъ фи табақотил атиббо, ҷ.2, с.4.
(20) Фалсафаи сиёси Ибни Сино, с.26.
(21) Алкомил, Ибни Асир, ҳаводиси соли 405 ҳ.қ.
(22) Дастурул вузаро, Ғиёсуддин Хондамир, с.128-129.
(23) Равзотул-ҷаннот, Хонсорӣ, ҷ.3, с.170-185.
(24) Ахборул ҳукамо, с.274.
(25) Татиммату сувонил ҳикма, с.45.
(26) Номаи донишварон, ҷ.1, с.103.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рисолат-ут-тайри Ибни Сино
Назмии Истаравшанӣ

Матолиби пурбоздид