Зиндагиномаи Мавлавии Ҳиндустонӣ
Бахши аввал
Шахсиятҳо ва машоҳир
Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ, соли 1892 дар деҳаи Чорбоғ, наздикии шаҳри Қӯқанд, дар водии Фарғона дар хонаводаи мусалмон ва рӯҳонӣ ба дунё омад ва даврони кӯдакӣ ва навҷавониро дар ҳамон диёр дар канори хонавода сипарӣ намуда, ҳамзамон маълумоти ибтидоии исломиро дар назди падараш гирифта, дар 14-солагӣ Қуръонро дар назди қориёни машҳури Хӯқанд ҳифз кард.
Аз синни 16-солагӣ дар шаҳрҳои Бухорои Шариф, Мазори Шариф ва Ҷалолободи Афғонистон ва Аҷмири Ҳиндустон таълимро дар мадраса ва дар назди шахсони алоҳида идома дод. Дар Мадрасаи олии Усмонияи Аҷмир, 10 сол таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти олии исломӣ шуд.
Аз вай ба унвони «Мавлавӣ», «Аллома» ва «Қорӣ» ёд мекунанд. Дар ҳақиқат ӯ шоистаи ин лақабҳо буд. Маъмулан аз ӯ бо пасвандҳои «Ҳиндустонӣ» ва «Қӯқандӣ» ёд мешавад. Ҳиндустонӣ ба хотири чанд сол таҳсили вай дар Ҳиндустон ва Қӯқандӣ ба хотири зодгоҳаш ва Қорӣ ба хотири ин ки кулли Қуръонро ҳифз карда буд.
Даврони таҳсили ӯ баробар бо ҳукумати Амир Олимхони Манғит (1910 то 1920) буд. Дар соли 1916 Русияи подшоҳӣ ҷиҳати ҷамъоварии сарбоз, мардони Осиёи Миёнаро барои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (1914 то 1917) ҷамъ намуд, ин кор сабаби ба вуҷуд омадани шӯришҳо бар зидди ҳукумат шуд. Дар ҳамон сол вай, ки дар Бухоро таҳсил мекард, бо ҳамдарсони худ, ба ҷойи ин ки ба зодгоҳаш, водии Фарғона биёяд, ба кишвари Афғонистон рафт ва то суқути Бухоро ба дасти кумунистҳо, дар соли 1920, дар Афғонистон буд ва дигар натавонист ба Бухоро баргардад. Аз ин рӯй, ӯ барои касби илм роҳии Ҳиндустон шуд ва дар яке аз машҳуртарин мадориси илмияи ҷаҳони шарқи Ислом ба номи Девбандия, ки машҳур ба Ал-Азҳари шарқ аст, машғули таҳсили илм гардид ва муддати чанд сол аз ин мадраса касби файз намуд. Ӯ улуми исломӣ монанди: ҳадис, тафсир, таърих, фалсафа, мантиқ, ахлоқ ва ғайраро аз худ намуда ва аз назари биниши сиёсӣ ва андешаҳои каломии Ислом ҳам ба дараҷаи болое расида буд. Тақрибан 20 сол тамоми давраи муҳоҷирати таҳсилии ӯ дар кишвари Афғонистон ва Ҳиндустон мегузарад.
Мавлавӣ дар авоили даҳаи 1930 ба зодгоҳаш бармегардад. Дар ин замон ҳукумати Манғитиён барои ҳамеша аз байн рафта ва ба ҷойи он кишварҳои сусиёлистӣ ба вуҷуд омада буданд.
Ҳукумати кумунистии Шуравӣ асоси худро мухолифат бо Ислом гузошта ва ҳамаи ниҳодҳои исломиро аз байн бурда буд.
Мавлавӣ дар соли 1928 барои адои фаризаи ҳаҷ, озими хонаи Худо мешавад ва баъди бозгашт аз ҳаҷ, як сол баъд, ба зодгоҳи худ бамегардад. Дар он рӯзҳо чеҳраҳои динӣ ва уламо аз тарафи ҳукумат дастгир ва зиндонию шиканҷа мешуданд, Мавлавиро низ дастгир намуда зиндонӣ мекунанд. Бо шурӯъ шудани Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум (1941 то 1945) дар соли 1943, ӯро ба унвони сарбоз, ба ҷанг мефиристанд. Вай дар шаҳри Минск дар соли 1944 захмӣ шуда, аз сарбозӣ маъоф мешавад. Баъд аз табобат, дар Русия монда дар яке аз колхозҳои он ба унвони чӯпон чанд сол машғул ба кор мешавад, ки бори дигар ба зиндон меафтад. Пас аз озод шудан, ба зодгоҳи худ водии Фарғона нарафта, ба Душанбе меояд. Дар маҷмӯъ, Мавлавӣ дар се марҳала 10 сол дар зиндон буд. Ва дар соли 1955 баъд аз марги Истолин соли 1953 шомили авф қарор гирифта ва қабл аз итмоми давраи зиндон, озод шудааст. Ӯ дар мавриди зиндонӣ шуданаш мегӯяд: «Ман се бор зиндонӣ шудам, ба ҷурми ин ки гӯё бар хилофи давлат дар байни мардум ташвиқ карда бошам. Дар мартабаи аввал як сол ва дар мартабаи дуввум се сол ва дар мартабаи сеюм 25 сол доданд».
Даврони зиндони Мавлавӣ дар миёнаи солҳои 1933 то 1955 мебошад. Баъд аз озод шудан дар солҳои 1955 ба Тоҷикистон омад ва шаҳрванди ин кишвар гардид.
Ӯ шаҳри Душанберо ба унвони иқоматгоҳи худ интихоб намуда ва дар яке аз маҳаллаҳо, (ба номи «Шёлккомбинат») мустақар мешавад. Ба назар мерасад, то охири умр дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекард. Ӯ дар Донишгоҳи Шарқшиносии Тоҷикистон ба унвони мушовир машғул ба кор мешавад, вале дар муддати кӯтоҳе ӯро аз донишгоҳ ихроҷ мекунанд. Дар ин ҳангом тақрибан 70 сола буд. Ӯ ба унвони нафақахур ва ҳамчун иштирокчии Ҷанги Ҷаҳонӣ, ба зиндагии худ идома медиҳад. Ба қавли дигар, вай баъд аз он ки вориди Тоҷикистон шуд, ба унвони имоми ҷамоати масҷиди «Мавлоно Яъқуби Чархӣ» дар шаҳри Душанбе интихоб шуда ва то охири умр имомати онро ба ӯҳда дошт. Ба ҳар ҳол ӯ дар ин муддат камар ба таълим ва тарбияти шогирдон ба таври махфӣ баста ва то охири умр дар ҳамин роҳ фаолият мекард.
Идома дорад…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн