Зиндагиномаи Мавлавии Ҳиндустонӣ – II
Бахши дуввум
Шахсиятҳо ва машоҳир
Таълим ва тадрис
Ҳукумати Шуравӣ ҳадафи зиддимазҳабӣ дошта ва душмани ҳамаи адён буд, аз ҷумла дини Ислом. Ислом дар замони Шуравӣ мароҳилеро тай намудааст, ки дар ниҳоят манъи сиёсатҳо дар мавриди Ислом гардид. Дар соли 1942 Абдурраҳмон Расулов муфтии Уфо тарҳеро барои оддисозии робитаҳои ҳукумати Шуравӣ бо мусалмонон ба Истолин пешниҳод дод ва мавриди қабули ӯ қарор гирифт ва сабаби ташкили марокизи динии исломӣ дар Шуравӣ гардид. Бо вуҷуди ин ки маркази динии Осиёи Миёна оғоз ба кор намуда буд, вале дар Тоҷикистон мувофиқи қонуни он давра, ҳар гуна тадрис ва таблиғи динӣ мамнуъ буд. Агар касе ки ба ин кор машғул буд, дастгир намуда ва ба маҳкама мекашонданд. Мавлавӣ дар даҳаи 1970 ва 1980 таълим ва тадриси худро ба тарзи ғайрирасмӣ оғоз намуд, кори ӯ мавриди истиқболи гарми ташнагони маорифи исломӣ аз рӯҳониён, ҷавонон ва бузургон қарор гирифт ва тӯле накашид, ки овозаи ӯ саросари Тоҷикистонро фаро гирифт ва ба хориҷ аз Тоҷикистон низ рафт. Вай ташкилдиҳандаи маҷлисҳои дарсӣ буда ва ҳалқаҳои дарсии худро ба таври махфӣ созмон дода ва дар онҳо равишҳои таълим ва тарбияти ҷадидеро ба кор гирифт, ки бо равиши маъмули онвақта то андозае тафовут дошт. Улуми исломӣ дар он давра тадрис мешуд, вале камранг буд ва олимоне буданд, ки мардумро мавъиза мекарданд ва шогирдон ва муридони зиёде доштанд; монанди: Эшони Тӯраҷон (1935—2005) ва дигарон. Бо вуруди Мавлавӣ ба муҳити динии Тоҷикистон, улум ва маорифи исломӣ рангу бӯйи дигаре ба худ гирифт. Ӯ таълими дарсҳои тафсир, ҳадис ва ақидаро ҷузъи барномаҳои ҳатмии дарс намуд. Аҳаммияти ин дарсҳо дар он буд, ки таълими онҳо ба шогирдон илова бар омӯзиши масоили фиқҳӣ ва адабӣ, ба тадриҷ масоили фикрӣ, каломӣ ва иҷтимоии Исломро дарк мекардаанд. Самараи ин заҳматҳо боиси ба вуҷуд омадани шогирдони барҷаста гардид, ки ҳар як ба навбаи худ нақши муассире дар ҷомеа ва сиёсат доштанд. Ҳамаи он дарсҳо монанди ҳадис, тафсир, калом, адабиёти араб, адабиёти форсӣ ва ғайраро Мавлавӣ таълим додааст ва авҷи фаолият ва тадриси ӯ даҳаҳои 1970 ва 1980 мебошад. Дар ҳамон солҳо ҳукумати кумунистӣ ӯро бисёр озору азият медод ва чанд бор ӯро дар ҳолати дарс додан, дастгир карда буд, кор ба ҷое расид, ки бархе аз дарсҳои худро таътил кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн