“Зиндагӣ”-и Аълохон Афсаҳзод «дар саҳна»

Фарҳанг

“Зиндагӣ”-и Аълохон Афсаҳзод «дар саҳна»

Субҳони Аъзамзод

(Муқаддимае бар нигориши ҳунаршиносӣ)

Бо ин нигориши мухтасар дар зодрӯзи донишманди зиндаёди тоҷик Аълохон Афсаҳзод гуфтанӣ шудем, ки байни соҳаҳои фаъолияти пажӯҳишии ӯ шинохти ҳунари драматургӣ ва киношиносӣ ҷойгоҳи хос доштааст. Дасту қудрати тавонои пажӯҳиши масъалаҳои мубрами адабиёт, таърихи адабиёт, адабиёти муосир ва матншиносӣ дар силсилиаосори ҳунаршиносии ӯ низ қобили диданд. Ин таҳқиқ, таълиф ва гузоришот дар китоби “Зиндагӣ дар саҳна” (Душанбе, 1985) фароҳам омадаанд. Миқдори таълифоти олим дар ин арса аз доираи ин китоб бештар аст ва онҳоро аз саҳифаҳои матбуоти тоҷик низ метавон ҷамъоварӣ кард. Ҳам “Зиндагӣ дар саҳна” ва дигар навиштаҳо ҳамагӣ аз доираи вусъати таърихиву назарӣ ва бинишу дониши камназири донишманди номвару нотакрор дарак доранд ва дар таъйини саҳми ӯ дар ин ришта муфиданд (ба шогирди донишгоҳ Н. Шонасратова ҳам дар заминаи ин осор рисолаи хатм додем, ки онро хеле хуб дифоъ кард).

А. Афсаҳзод пайваставу мудом бо театру ҳунаршиносӣ будааст: “Театр… ин калимаро ман то соли 1954 ҳеҷ гоҳ нашунида будам. Вале номи артист аз хурдиям бароям муқаддас буд. Артист гуфта ҳофизони патефону радио ва конферансҳои шӯхро мефаҳмидам… Артистоне, ки бароям шахсони муқаддас менамуданд, инҳо буданд: Домулло-Ҳалим, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов, Ҳоҷӣ-Абдулазиз, Карим Зокирӣ, Ҳалима Носирова ва дигарон. Қартаҳои онҳоро садҳо бор мешунидам ва гӯё овозашон мисли ҳаво бароям зарурӣ буд. Баъдҳо ба воситаи радио мухлиси Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Ака-Шариф Ҷӯраев, Тӯҳфа Фозилова ва Барно Исҳоқова шудам… Песаро аз театр пештар шинохта будам. Ин шиносоӣ аз “Калтакдорони сурх”-и Сотим Улуғзода сар шуд, ки дар китоби дарсии (хрестоматия) синфи VI ё VII дарҷ ёфта буд”.

Ӯ аз даврони донишҷӯӣ ошиқу моили консертҳо буда, рӯзҳои Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Маскав (1957) намоишномаи “Саодат”-ро дидааст. Дар он симои Саодатро ҳунарманди маъруф София Тӯйбоева иҷро кардааст. Ин рӯйдод ҳаваси донишҷӯёни охири солҳои 50-уми асари ХХ-ро ба театр афзуда, назари ононро вусъат дод, барои табдил ёфтани бархе аз онҳо ба як шахсияти соҳибфикру соҳибандеша дар арсаи ҳунар мусоидат кардааст. Ангезаи ишқу муҳаббат дар дили онон аз муҳаббати хос ба ҳунар сар зада, аз навиштаҳояшон низ ишқу алоқа ва ҳусни ихлоси бештар ба масъалаҳои ҳунари саҳнавӣ эҳсос мешаванд.

Корҳои А. Афсаҳзод оид ба театру киношиносӣ аз инҳо иборатанд:

а) Мақолаҳо оид ба санъати театр ва репертураи театрҳои драмавӣ.

Андешаҳои аввал оид ба намоишномаи Театри ҷавонон дар “Мӯъҷизаи дӯстӣ” фароҳам омадааст (Комсомоли Тоҷикистон, 1-уми ноябри соли 1959). Дар ин мақолаҳо масъалаҳои драматургияи тоҷик ва халқҳои дигари шӯравӣ, моҳияти асарҳои саҳнавӣ баррасӣ ва чеҳраҳои эҷодии драматургон бозгӯ шудаанд. “Театр бояд мувофиқи талаботи тамошобин кор кунад”, “Асоси репертуар мавзӯи ҳозиразамон бояд”, “Назаре ба песаҳои соли 1967” ва… далели самимияти бофарҷому бардавом ба ин санъати ҷаззоби ҳақиқатнамо ва муҳаббату ихлос ба аҳли ин ҳунаранд.

Дар мақолаи “Театр бояд мувофиқи талаботи тамошобин кор кунад” аз бурду бохти театр сухан рафта, чунин андешаҳои интиқодӣ баён шудаанд: “…театр ва драматургияи тоҷик ба талаботи маънавии имрӯзаи халқ пурра ҷавоб дода ва завқи бадеии тамошобини имрӯзаро қонеъ гардонда наметавонад. Аз ин ҷост, ки бисёр вақт театрҳо аз тамошобинон пур намешаванд. Ба замми ин доираи тафаккур ва дониши тамошобин афзуда истодааст. Вай бо санъати баланди театрии рус ва ҷаҳонӣ шинос аст, ҳар рӯз пешравиро бо чашмони худ мебинад, ҳис мекунад. Асарҳои агитатсионии дирӯза дар тамошобини имрӯза завқи баланди бадеӣ парварида наметавонад. Акнун тамошобин ба театр фақат барои вақтхушии бефоида ва хандидан намеояд. Вай ба театр меояд, ки оид ба чизҳои ба худаш номаълум тасаввурот пайдо кунад, тарзи ҳалли баъзе муаммоҳои мураккаби зиндагиро сарфаҳм равад. Чунки театр танҳо таҷассумкунандаи ҳаёт набуда, балки мактаби зиндагӣ ҳам мебошад… Барои иҷрои ин вазифаи бузург театр бояд тамошобинро аз қафои худ барад. Барои тамошобинро аз қафои худ бурдани театр зарур аст, ки ҳар як асари саҳнавӣ, пеш аз ҳама, ҳақиқати олии ҳаёти коммунистии имрӯзаро ифода намояд ва симои халқро пурра инъикос кунад” (Зиндагӣ дар саҳна, саҳ. 19).

А. Афсаҳзод ба театр ба сифати ҷои тараққии завқи эстетикӣ менигарад, ки аз драматург меҳнати зиёд талаб дорад; аз диди ӯ омма театрро манбаи огоҳӣ аз ҳаёт ва ислоҳи нуқси ҷомеа медонад. Офаридани асари пуртаъсир робитаи қавии драматургро бо аҳли ҳунар ва театр тақозо дорад: “Барои офаридани асарҳои хуб, дар баробари мавҷуд будани фактҳои ҳаётӣ пеш аз ҳама бо театр алоқаи наздик доштани драматург зарур аст, зеро робитаи хуби нависанда бо театр ва актёрон боиси барҷастаю саҳнабоб баромадани асарҳои саҳнавӣ хоҳад шуд” (с. 20).

б) дастаи дигари таълифот тақризу мақолаҳоеанд, ки дар онҳо андешаҳо аз хусуси филмҳо ва намоишномаҳои театрӣ мақоми хос доранд: “Намоиш оид ба дигаргуниҳои бузург” (“Духтари ҳамсоя”-и Ф. Ниёзӣ, 1964), мақола оид ба филми телевизионии “Фариштаи гунаҳкор” (1965), филмҳои бадеии “Аз се баҳр гузашта…” (1958), “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Байрақи Кова”, “Байрақи оҳангар” ва ғайра.

в) қисмати зиёди навиштаҷоти театру киношиносии муҳаққиқро тақризу мақолаҳо ба баррасии шебу фарози асарҳои саҳнавӣ ва кинофилмҳо ихтисос доранд: “Соати бурҷи Кремл” (1960, Н. Погодин), “Иҷоранишин” (1961, Ф. Ансорӣ), “Чанд сухан дар бораи спектакли “Суруди кӯҳсор”-и Ғанӣ Абдулло” (1962), “Ҳукми модар” (1962, Ф. Ансорӣ), “Мазҳакаи шавқангез”(1963, драмаи “Гавҳари шабчароғ”-и С. Улуғзода, “Маҳаки истеъдод” (“Рӯдакӣ”-и С. Улуғзода), “Таърихи зиндашуда” (“Ситораи раҳнамо”-и К. Яшин), “Ҳосили умр” (драмаи Ғ. Абдулло), “Драмаи Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода (“Хусраву Ширин”, ба русӣ) ва ғ.

г) Силсилаи очерку мақолҳаҳо ба ҷараёни зиндагӣ, маҳорати ҳунарӣ, салиқаи эҷодӣ, истеъдоди фитрӣ ва мақоми барозандаи ситораҳои саҳнаи театри тоҷику шӯравӣ бахшида шудаанд, ки гувоҳи диди пурвусъати эстетикӣ ва хомаи буррои зебописандии муаллифанд: “Кошифи қонунҳои реалистии санъати театрӣ” (К. Станиславский), “Зодаи театр”, “Ойдиной” (О. Усмонова), “Истеъдод”, “Ҳунарманди соҳибистеъдод” (Ҳ. Гадо), “Мақбули халқ”, “Устоди саҳнаи тоҷик” (А. Бурҳонов), “Зиҳӣ, саодат!”, “Сазовори эҳтироми халқ” (Т. Фозилова), “Абдулло Рашид”, “Абдулло Ғанӣ”, “Фидоӣ”, “Соҳибэътиқод ва орзупарвар”, “Ҳосили умр”, “Самараи ранҷу ҳунар” (С. Сафар), “Ҷашни ҳунарпешаи мардумӣ” (Г. Завқибеков), “Ҳунарманди нотакрор” (А. Қодиров), “Ҷӯраи драманависи ман” …

“Одами зинда, актёр дар театр василаи асосӣ барои эҷоди мустақилонаи арзишҳои зебоишиносӣ аст. Фарқи асосии ҳунари ӯ нисбат ба дигар навъи санъат дар он аст, ки ҳар як ҳунарвари ҷодаи дигар он вақт эҷод карда метавонад, ки ӯро илҳом фаро гирад. Аммо ҳунарпешаи саҳна бояд худаш ба илҳом ояд, худашро шаби нишон додани намоиш омода созад, пешакӣ барои офаридани образ тайёр бошад. Барои ҳамин арбоби барҷастаи театри рус К. С. Станиславский мегӯяд, ки театр пеш аз ҳама барои актёр тавлид ёфтааст, бе ӯ вуҷуд надорад. “Ягона подшоҳ ва малики саҳна актёри соҳибистеъдод мебошад”. Ин суханони ӯ дар гузашта ва имрӯз ҳам ифодагари ҳақиқати ҳоланд. Вай ягона хӯҷаини театр мебошад, санъаткори мустақил, шоир, эҷодкори ҳунари хеш аст. Шахсияти забардаст ва фардияти нотакрори чунин соҳибистеъдодҳо дар таърихи фарҳанги қадим ва ғании тоҷикон абадӣ ҷо хоҳад гирифт”.

Чунин нозукиҳои маҳорати актёрро А. Афсаҳзод хуб дарк карда ва ба ҳар ҳунарманди театр баҳои сазовор додааст.

А. Афсаҳзод истеъдоди нотакрори Ҳошим Гадоевро дар мақолаҳояш борҳо зикр кардааст. Ӯ ақида дорад, ки панҷ соли таҳсил дар яке аз беҳтарин донишкадаҳои санъати театрии Маскав бо роҳбарии омӯзгорони пуртаҷриба барои кушодани истеъдоди фитрии Гадоев, рушди маънавии ӯ аҳамияти бузург ва ҳалкунанда дошт. Маскав ҷаҳонбинии Ҳошим Гадоевро фарох намуд. Ӯ натанҳо дониши хуби назариявӣ гирифт, инчунин малакаи аълои касбии ҳунарро соҳиб шуд ва илова бар ин сифатҳои баланди маънавӣ ва санъатдӯстиро омӯхт. Ҳар як нақши тозаи Ҳ. Гадоев, чунончи, Фердинанд дар “Модарандар”-и О. Балзак, Дон Гуан дар “Меҳмони сангин” (“Фоҷиаҳои хурд”)-и А. С. Пушкин, Наср дар “Рӯдакӣ”-и С.Улуғзода, нақши Темурланг (“Қиссаи модар”дар асоси ҳикояҳои А. М. Горкий, ба саҳна мувофиқкунанда М. Қосимов) дар болоравии маҳорати актёрии ҳунарпеша мавқеи хос доштанд.

Дар тақриз бо номи “Истеъдод” А. Афсаҳзод маҳорати нотакрори Ҳошим Гадоро баҳои баланд дода, таъкид менамояд, ки пас ба саҳна гузоштани песаи Ф. Ансорӣ “Иҷоранишин” ва Преспер Мериме “Ишқи араб” истеъдоди фавқуллодаи Ҳ. Гадоевро Вазорати маданияти республика қадрдонӣ кард ва Ҳошим Гадоев ва ҳамкоронашро барои кор ба театри ба номи Лоҳутӣ гузаронид. “Мехостам ҳар рӯз ӯро дар роли наве бубинам, аз санъаташ лаззат барам. Ин ҷавон Ҳошим Гадоев буд” (с. 32).

Ҳ. Гадоев ҷуз ҳунарманди саҳна ҳайкалтароши моҳирест, ки муҷассамаи ашхоси номвари таърих Спитамен, Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ ва Лев Толстойро сохтааст. “Эҷодиёти Ҳошим танҳо ба гузашта нигаронида нашудааст. Вай ҳам дар саҳна ва ҳам дар ҳайкалтарошӣ образи муосирони худро низ бо як самимияти ба худ хосе меофарад, ки ба ин бозии ӯ дар ролҳои Лолаев, Содиқ ва ҳайкали эҷодкардаи ӯ “Оброн” гувоҳӣ медиҳанд” (Зиндагӣ дар саҳна, с. 34).

д) Дар портретҳои “Ситораи Суҳайл” чеҳраи маликаи балет Малика Собирова, “Низоми оҳанг” ва “Абдуллоев Ибодулло Эрмуродович” корномаи дирижёри тоҷик Ибодулло Абдуллоев офарида шудаанд…

Ҳамин тавр, киношиносӣ ва драматургия аз шуғли навбатӣ, дар айни замон, доимии илмиву адабии Аълохон Афсаҳзод будааст. Аз фишурдаи ин баррасӣ бармеояд, ки ӯ ҳамеша ба театру драматургия диққати хос дода, дар таълифоташ силсилаи масъалаҳои мубрамро ба миён гузошта ва аз паҳлуи дигари хоси истеъдоди ҳунаршиносиаш дарак додааст…

Субҳони Аъзамзод

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ мақарри Вазорати дифои Исроилро бо мушак зад
Узбекистон дар паи эҷоди тавозун дар равобити худ бо Эрон ва Исроил

Матолиби пурбоздид