Зӯҳду тақвои Алӣ(а) дар ҳукуматдорӣ
Торих
Машҳур аст, ки пас аз расидан ба хилофат, Алӣ(а) аз сукунат дар қасри ҳукуматии Кӯфа, имтиноъ варзид, то хонааш аз хонаи фуқаро ва бечорагони бисёре, ки дар дахмаҳои кӯчаки худ басар мебурданд, бартар набошад, ин суханаш, ки дар Наҳҷулбалоға нақл шудааст, ҷилвае аз шеваи зиндагӣ ӯст:
“Оё ба ин дил хуш кунам, ки ба ман Амири Мӯъминон гуфта шавад, вале дар душвориҳои рӯзгор, дар канори мардум набошам?”
Бисёр бамаврид аст, мо мусалмонон, ки ифтихори пайравӣ аз пешвоёни дин ва аҳли байти Паёмбар(с)-ро дорем, ҳар кадомамон ба унвони масъул – масъули хонаводаву фарзандон, масъули зердастон ва… таваҷҷӯҳ ба равиши зиндагии зҳидонаи ҳазрати Алӣ(а) дошта бошем.
Алӣ(а) дар дунё зӯҳд варзид ва бар худ сахт гирифт ва дар зӯҳдаш содиқ буд он гуна, ки дар ҳамаи корҳо ва дар ҳар чӣ аз дилу забонаш баромад, содиқона амал кард. Дар лазоизи дунявӣ зӯҳд пеша кард ва ба авомили давлат ва ҳукумат ва ҳар ончи мавриди назари дигарон буд ва онро ҳадафи зиндагӣ ва вуҷуди худ медонистанд, рағбате нишон надод.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн