Иддаои Мадуро дар бораи нақши бонкҳои ИМА дар гардиши маблағҳои қочоқи маводди мухаддир
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро изҳор дошт, ки бахши асосии даромадҳои аз қочоқи байналмилалии маводи мухаддир — тақрибан 85 дарсад аз миллиардҳо доллар — ҳамасола дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида нигоҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи Мадуро, агар мақомоти амрикоӣ воқеан мехоҳанд фаъолиятҳои картелҳоро таҳқиқ кунанд, бояд «картели шимолӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ӯ таъкид кардааст, ки сарчашмаи асосии гардиши пули маводи мухаддир дар худи сохторҳои молиявии ИМА нуҳуфтааст.
Ин изҳороти Мадуро дар шароите садо медиҳад, ки Вашингтон ҳамеша ҳукуматҳои Амрикои Лотиниро ба сустии мубориза бо қочоқ айбдор мекунад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













