Иддаоҳои хатарноки Эрдуғон

Иддаоҳои хатарноки Эрдуғон

Ахбори байналмилал

Суханони бисёр хатарноки Эрудғон: “Шаҳрҳое, ки ба онҳо Ҳалаб мегӯем, Идлиб мегӯем, Ҳамо мегӯем, Димишқ мегӯем, Риққа мегӯем, дуруст мисли Антоб, дуруст мисли Ҳотой, дуруст мисли Урфо, устонҳои мо мешуданд”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар суханоне, бо баёни ин ки таҳаввулоти муҳимме дар наздикии марзи Туркия дар ҷараён аст аммо инҳо ҳатто пайгири иттифоқот ҳам нестанд, гуфт: “Масалан ин суолро ҳаргиз аз худашон намепурсанд, ки вақте ҷанги ҷаҳонии аввал марзҳои минтақаи моро аз нав таъйин мекард, агар шароит таври дигаре пеш мерафт, чӣ мешуд?”

Вай афзуд: “Ба эҳтимоли қавӣ, шаҳрҳое, ки ба онҳо Ҳалаб мегӯем, Идлиб мегӯем, Ҳамо мегӯем, Димишқ мегӯем, Риққа мегӯем, дуруст мисли Антоб, дуруст мисли Ҳотой, дуруст мисли Урфо, устонҳои мо мешуданд.”

Раиси ҷумҳури Туркия идома дод: “Ҳоло инҳо чӣ мегӯянд? Мегӯянд: Туркия дар Сурия чӣ кор дорад? Дар ҳоле, ки аз арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии мо бебаҳраанд. Инро мегӯянд. Бархе аз рӯйи нодонӣ ин суолро мепурсанд ва бештари онҳо мисли мудирияти GHE комилан аз рӯйи таассуби идеулужик мепурсанд.”

Эрдуғон афзуд: “Ҳоло дидед, чаро мо дар он ҷо ҳастем? Ҳоло фаҳмидед, ки мо чаро дар Сурия ҳастем? Ҳоло чӣ шуд? Раиси Сурия куҷост? Ва дар ҳоли ҳозир бародарони мо, ки аз Сурия омаданд, алъон куҷо ҳастанд? Мегӯянд, мо дубора ба сарзаминҳои худ бармегардем. Онҳо он қадар даргири муборизаи қудрати дарунҳизбӣ ҳастанд, ки вақти хондани ду сатри таърих ва варқ задани 12 мақоларо ҳам надоранд.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳақиқати талхи рӯзгор
Бозгашти ДОИШ дар Сурия дар сояи сукути ҳукумати ҷадид

Матолиби пурбоздид