Изҳороти Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Изҳороти Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) зимни як ҷаласа ба ин хулоса омад, ки дар шароити имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ниёз ба як нерӯи сиёсие дорад, ки намояндаи ҷомеаи секулёрии тоҷик буда ва баъд аз сари қудрат рафтани режими худкомаи кунунӣ, битавонад давлати озоди демократӣ ва дунявӣ таъсис диҳад.

Барои ин манзур, АОТ бо шурӯъ аз имрӯз дарҳояшро ба ҳамагон боз мекунад ва аз сиёсатмадорон, донишмандон ва фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба мо бипайванданд ва барои рӯзе омода бошанд ва ё рӯзеро омода созанд, ки имкони таъсиси якчунин давлате даст бидиҳад.

Шарти асосие, ки АОТ аз он рӯзе, ки таъсис ёфт ва ҳамчунин аз рӯзе, ки узви эътилофи сиёсии мухолифон (ПМТ) гардид ба миён гузошт, таъсиси як давлати воқеан демокративу дунявӣ дар Тоҷикистон аст ва то ба имрӯз ба дунболи амалӣ сохтани ин ҳадаф асосии АОТ аст ва бо вуруди аъзои нав ба саффи АОТ низ бар ин ҳадаф устувортар шудааст.

Мо тамоми нерӯҳои фаъоли имрӯзаро, ки дар муқобили режими истибдодии Душанбе истодаанд, ҳамсангари худ шумурда, бо хитоб ба ҳамаи онҳо гуфтанием, ки дар Тоҷикистоне, ки ҳамроҳ бо ҳам сохтанием, набояд идеологияе ба унвони идеологияи бартар соя афканад. Шаҳрвандон дар Тоҷикистони нав бояд аз тамоми озодиҳои инсонӣ ва шаҳрвандӣ бархӯрдор буда ва ҳеч шахсе, гурӯҳе ва ё ниҳоде ҳақ надошта бошад, ки болои шаҳрвандон хостаҳояшро таҳмил кунад.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик, иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониён аст ва пас аз шурӯъи таъқиби саросарии озодандешон дар кишвар дар соли 2015 берун аз ватан дар Иттиҳодияи Урупо таъсис ёфт. Муассисони АОТ намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аз шахсони динмеҳвар то секулёру атеист ташаккул ёфта бо усули сентрализми демократӣ фаъолият мекунад. Дар натиҷа дар сентябри соли 2018 АОТ ҳамчун яке аз ташабускорони таъсиси як иттиҳоди мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар яке аз чор аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон вориди марҳилаи нави фаъолият шуд.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)

5 августи 2024

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарнагунии ҳавопаймои амрикоӣ тавассути ҳусиҳои Яман
Славой Жижек

Матолиби пурбоздид