Иллати густариши сареи ислом

Таҳлили хабарӣ

Иллати густариши сареи ислом

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё медонед, иллати густариши сареи ислом дар аввал чӣ буд?

Иллаташ, такрим ва гиромӣ доштани инсон аст:

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ

“Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва гиромӣ доштемашон…” (Исро/70)

Яке аз гунаҳои каромат қоил будан ба инсон ин аст, ки ба интихоби ӯ эҳтиром гузорем. Ояти зерин, ки мефармояд:

لَا إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ

“Дар қабули дин иҷборе нест…” (Бақара/256), як асл дар ислом аст; асле, ки танҳо инсоне онро мефаҳмад, ки барои худаш каромат қоил аст. Бале, танҳо якчунин инсоне мефаҳмад. Ва ҳатто дар байни худи мусалмонон (то чӣ расад ба ғайри онҳо), фақат оҳоде аз эшон яъне як теъдоди бисёр ангуштшумор фаҳмида ва мефаҳманд, аксарияти онон аммо нафаҳмидаанд, ки ин оят чӣ мегӯяд. Ба ҳамин хотир аст, ки бештари муфассирони Қуръони Карим ва ҳатто баъзе саҳоба, ба хотири нафаҳмидани ин оят, онро мансух шумурдаанд.

Гузашта ки ҳеч, ҳатто мусалмонони имрӯзин намефаҳманд ин оят дар мақоми баёни чӣ ҳақиқате аст?! Дар ҳамин Ҷумҳурии Исломии Эрон намефаҳманд, то чӣ расад ба ҷоҳои дигар. Ин манъ карданҳо, ки мебинем ҳатто дар Эрон, ҳамаи он, дар натиҷаи адами фаҳми мазмуни воқеии ин оят аст.

Ин оят реша дар ҳамон асл дорад, яъне асли каромат қоил будан барои инсон.

Бинобар ин, то модоме ки Шумо ба интихоби инсонҳо эҳтиром қоил набошед – он интихоб ҳар чи буда бошад: диндорӣ, бединӣ, мазҳаб ва роҳ ва ғайра, Шумо ба ҷойе нахоҳед расид.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

15 шаҳид дар бомбборони паноҳгоҳи оворагон дар Ғазза
Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна

Матолиби пурбоздид