Илм чист ва илмӣ кадом аст?

Илм чист ва илмӣ кадом аст?

Илм чист ва илмӣ чист?

Андеша

Аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки миёни корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад, фаҳмида мешавад, ки гоҳе мо забони якдигарро нафаҳмида, беҳуда бо ҳам ҷанҷолу кашмакаш мекунем. Бинобар ин, дар ҳар баҳсе аввал бояд маъноҳоеро, ки ба кор мебарем, бояд барои мухотаби худ фаҳмонем.

Яке аз ин маъноҳое, ки бояд тавзеҳ дода шавад, маънои “илм” аст. Ин мафҳум бояд хуб тавзеҳ дода шавад. Дар ин ёддошт, саъй мекунам, ин мафҳумро, ки корбурди зиёд ва фаровон дорад, тавзеҳ бидиҳам.

1) Вожаи “илм” гоҳе манзур аз он, маънои он дар луғат аст. Дар луғат, ин вожа ба маънои “огоҳӣ” аст. Масалан, шумо ҳамин ки чашматонро боз кунед ва дар баробари худ дарахтеро бибинед, сурате аз он дарахт дар пеши шумо ҳосил мешавад. Ин сурат ҳамон “огоҳӣ” ва “илм” аст.

2) Аммо гоҳе мурод аз ин вожа – яъне вожаи “илм” – маънои он дар луғат нест, балки маънои он дар истилоҳ (термин) аст. Истилоҳро луғат таъйин намекунад, балки ҳар касе метавонад вожаеро барои як маъно ихтисос диҳад ва бигӯяд, ин вожа аз ин ба баъд барои фалон маънои хосс ба кор меравад. Масалан, вожаи “қиёс”. Ин вожа дар луғат ба маънои “чизеро бо як чизи дигар муқоиса кардан” аст. Аммо дар истилоҳ (термин), ҳар донише ин вожаро барои як маънои хосс ба кор бурдааст. Ин вожа дар мантиқ ва фалсафа як маъно дорад, аммо дар фиқҳ ва усул ва ҳуқуқ як маънои дигар. “Қиёсе”, ки дар мантиқ ба кор меравад, бо “қиёсе”, ки дар ҳуқуқ ба кор мебаранд, ду маънои мутафовит аст.

3) Ҳол, вожаи “илм” дар истилоҳ (термин) барои маъноҳои гуногуне ба кор меравад, ки машҳуртарини он ин аст: “маълумот ва огоҳиҳое, ки аз роҳи таҷриба ва озмоиш ба даст меоянд”. Яъне, улуми таҷрибӣ (мисли физик, шимӣ, зистшиносӣ ва куллан улуме, ки равиши таҳқиқашон озмоиш ва таҷриба аст) вақте матлаберо пешкаш мекунанд, мегӯем ин матлаб “илмӣ” аст.

4) Маълумот ва огоҳиҳое, ки дар зеҳни мо инсонҳо ҳосил мешаванд, ҳама дар як сатҳ нестанд, балки ба ду қисматанд. Қисмате аз огоҳиҳои мо, яқинӣ ва қатъӣ ҳастанд, яъне мо ба мазмуни онҳо сад дар сад бовар дорем. Масалан, “Исмоили Сомонӣ бунёнгузори давлати Сомониён аст”, ин як огоҳӣ ва маълумот дар зеҳни мост ва мо ба мазмуни ин огоҳӣ сад дар сад яқин дорем ва кучактарин шакку тардиде дар он надорем. Ин як навъ огоҳӣ (илм ба маънои он дар луғат).

Аммо қисмати дигар аз огоҳиҳои мо, чунин нестанд, балки мо ба мазмуни онҳо яқин надорем, балки 70 дар сад ё 80 дар сад бовар дорем. Номи инро “гумон” мегӯянд. Ин ҳам як навъ огоҳӣ аст, вале огоҳии сад дар садӣ нест. Масалан, агар шумо дар хона нишаста бошед ва як нафар одами ростгӯ (на дурӯғгӯ) пешатон биёяд ва бигӯяд, ки: “Дар берун одамеро дидам, ки ду сар дорад”, ба мазмуни ин сухан, пеши шумо фақат гумон ҳосил меояд (яъне, боварии 60 ё 70 дар садӣ), на яқин. Яъне, ба мазмуни ин сухан, пеши шумо на яқин (боварии сад дар сад) ҳосил мешавад ва на онро дурӯғ дониста зуд инкор мекунед, балки пешатон фақат гумон ҳосил мешавад. Ба ин далел онро дурӯғ намешуморед ва зуд инкораш намекунед, ки чун аввалан, он одам ростгӯст ва ангезае барои дурӯғӯӣ надорад ва сониян, ду сар доштан барои як инсон, дар ҳадди зоти худ, як амри маҳол нест. Ва аммо ба ин далел ба мазмуни ин сухан пеши шумо яқин ҳосил намешавад, ки аввалан, хабари як нафар ростгӯ ғолибан яқиновар нест, балки гумоновар аст. Ва сониян, эҳтимол медиҳед, ки шояд ин одам чашмаш ба хато рафта ва як сарро ду сар дида бошад. Зеро ду сар доштан барои инсон, як падидаи бисёр нодир аст. Хуб, ин ҳам як навъ огоҳӣ, ки ба он “гумон” мегӯянд.

Ҳол, дар ҳамин мисол, агар як нафар ростгӯи дигар вориди хона шавад ва бигӯяд, ман ҳам одами дусара дидам, гумони шумо тақвият мешавад ва сипас нафари ростгӯи севвум ворид шавад ва ҳамин суханро гӯяд ва ҳамин тавр ростгӯи чаҳорум ва панҷум ва шишум ва ҳоказо… дар ин сурат, дигар гумони шумо ба тадриҷ табдил ба яқин мегардад. Албатта, ба шарте, ки ин ростгӯён бо ҳам тавофуқ накарда бошанд, ки як сухани дурӯғро барои ин одам бигӯем ва фиребаш диҳем. Яъне як навъ бозии “якуми апрелӣ” набошад, балки ҳамаи ин одамҳо ростгӯ ва дар сухани худ ҷиддӣ бошанд ва бо ҳам тавофуқе ҳам накарда бошанд. Дар ин сурат аст, ки мазмуни ин сухан пеши шумо ба яқин табдил мегардад. Инро дар истилоҳ “тавотур” мегӯянд.

Одамони солимулақл (на мариз ё равонӣ) чунон сиришта шудаанд, ки агар як хабар барояшон ба сурати “мутавотир” нақл шавад, яъне тавассути анбӯҳе аз ростгӯён нақл шавад, ки ҳеч маразе надоранд ва тавофуқе бо ҳам барои дурӯғ гуфтан накардаанд, ба мазмуни он хабар пеши онҳо яқин ҳосил мешавад. Яъне, илми сад дар садӣ. (Илм ба маънои он дар луғат.)

5) Ҳол, як нукта ва натиҷаи муҳим аз ин се чаҳор муқаддима ба даст меояд ва ин ки: ҳар ҷо вожаи “илм” ё “илмӣ” ба кор равад, заруратан мурод аз он, “илмӣ” ба маънои “огоҳие, ки аз тариқи таҷриба ва озомиш” пеши инсон ҳосил мешавад (ки як истилоҳ (термин) мебошад) нест, ки онро зуд “ғайри илмӣ” унвон кунем.

Масалан, вақте касе ба шумо бигӯяд: “Исмоили Сомонӣ бунёнгузори давлати Сомониён аст” ва таъкид кунад, ки ин мазмун “илмӣ” аст, шумо агар ба ӯ бигӯед, ки: на, ин “илмӣ” нест ва манзуратон аз “илмӣ”, ҳамон истилоҳе бошад, ки дар улуми таҷрибӣ ба кор меравад, дар ин ҷо, шумо дар воқеъ ё халт кардаед ва ё амдан халт мекунед. Зеро ки ӯ вақте гуфт, ин мазмун “илмӣ” аст, манзураш ё қатъӣ ва яқинӣ аст (илм ба маънои он дар луғат) ва ё ҳаддиақал “илмӣ” бо меъёрҳое аст, ки назди улуми нақлӣ ба кор меравад.

Аз ин рӯ, агар мо мусалмонон дар мавриди маорифи динӣ (чӣ як ҳукм бошад ё як гузориш аз ҳаёти як паёмбар бошад ва ё як мӯъҷиза, ки дар Қуръони Карим ва суннат омада) вақте мегӯем, инҳо “илмӣ” ҳастанд, лузуман муроди мо “илмӣ” ба маънои истилоҳии он нест, ки касе эътироз кунад ва бигӯяд, инҳо “илмӣ” нестанд (ва манзураш аз “илмӣ”, огоҳие бошад, ки бо роҳи таҷриба ва озмоиш ба даст меояд), дар ин ҷо, барои вай ё халт шуда ва ё амдан халт мекунад ва муғолата мекунад. Ин муғолатакориҳо бояд ошкор шаванд.

6) Ҳол, аз куҷо мо мегӯем, ин маориф “илмӣ” ҳастанд? (Илмӣ ба маънои он дар луғат, яъне қатъӣ.) Нуктаи муҳим баёни ҳамин матлаб аст. Бибинед, вақте бо як бурҳони ақлӣ (фалсафӣ, на таҷрибӣ) бароямон собит шавад, ки Худо ҳаст ва ӯ ҳаким аст ва паёмбаронеро ҳамроҳ бо китобҳо фиристода, лозимаи ин исбот он аст, ки мо чорае надорем ҷуз ин ки бипазирем, ки ҳар чи Худо дар китобаш фармуда ё ҳар чи Паёмбар (с) – ки фиристодаи Худост – баён карда, ҳама рост ва мутобиқ бо воқеъ ҳастанд, ҳарчанд аҳёнан барои ақли мо чигунагӣ ва ҳақиқати порае аз он маориф қобили дарк набошад. Зеро ин маориф ва мазмунҳо тавассути як хабардиҳандаи содиқ ва ростгӯ ва ба қавли Бӯалӣ Сино, тавассути як мухбири содиқ ба мо расида; касе, ки бо бурҳон пазируфтаем, ки ӯ фиристодаи Худост ва дурӯғ намегӯяд.

Ва ба сухани дигар: вақте масалан дар Қуръони Карим мехонем, ки: “Арши Билқис ба як чашм ба ҳам задане пеши ҳазрати Сулаймон (а) ҳузур пайдо кард”, пеши мо ба мазмуни ин хабар қатъ ва яқин ҳосил мешавад, яъне “илмӣ” аст ба ҳамин мазмун. Чаро? Зеро онро касе ба мо хабар медиҳад, ки мо аз пеш пазируфтаем, ки ӯ содиқ ва ростгӯст. Ва қарор ҳам бар ин нест, ки ҳар хабаре, ки ба мо аз тарафи хабардиҳандаи ростгӯ бирасад агар барои ақли мо номаънус аст, онро радд кунем ва нодурусташ шуморем. Ин ғояти ҷаҳолат ва нодонист.

Оё ҳар чи барои зеҳни ту қобили дарк набошад ё пешат аҷибу ғариб намоён шавад, бояд онро инкор кунӣ ва дурӯғ бидонӣ?! Хеле чизҳо дар ин олами ҳастӣ вуҷуд дорад ва ҳақиқат аст, ки ҳанӯз бароят макшуф нашуда ва бароят маълум нагардида. Донистаҳои мо дар баробари надонистаҳоямон, ҳеч аст.

Боре ин мисолро барои яке аз азизон задам, ки дар замони Батламюс (Птоломей), дар авоили ҳазораи аввал, назарияи илмӣ ва пазируфташуда назди мардум ин буд, ки: “Замин марказ аст ва хуршеду моҳу ситораҳо гирди он мечарханд”. Дар он даврон, ин назария ба унвони як назарияи сад дар сад илмӣ талаққӣ мешуд. Ҳол, фарз кунед, дар ҳамон даврон як нобиға пайдо мешуд ва мегуфт, ин назария дуруст нест, балки ҳақиқат ҷуз он аст, дар ин сурат, оё маъқул аст одамони он даврон гуфтаи ӯро ба навъе афсона ҳамл кунанд ва раддаш кунанд ба ин далел, ки барояшон номаънус ва хилофи дидгоҳи Батламюс аст?!

Ҳол, ки мо дар ин аср қарор дорем ва ашёро аз равзанаи худамон арзёбӣ мекунем, шояд ба роҳатӣ дар бораи он одамҳо қазоват кунем ва онҳоро як мушт ҷоҳилон қаламдод намоем. Аммо муҳим, дар ҳамон қарн будан ва дар ҳамон муҳит қазоват кардан аст.

Аз ин рӯ, бояд бибинем, мо, дар замони худамон ва дар ин қарн, оё шабеҳи ҳамонҳо нестем вақте ба роҳатӣ матлаберо инкор мекунем ва дар бораи он доварӣ мекунем?!

Одами оқил дар ин маворид, бояд фурӯтан ва мутавозеъ бошад. Хеле чизҳо ҳаст, ки ту намедонӣ, аммо ҳаққанд ва дуруст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар ҳаво бӯи баҳор аст…
Равиши мухолифон бо Паёмбар (с)

Матолиби пурбоздид