Илму ҳикмат биёмӯз…

Муҳоҷират

 

Илму ҳикмат биёмӯз…

Илму ҳикмат биёмўз, то шарофат ёбӣ.

Зеро ҳикмат инсонро ба дин раҳнамун мешавад ва бардаро бар озод шараф медиҳад ва ниёзмандро бар тавонгар рафъат мебахшад ва кўчакро бар бузург муқаддам медорад ва фақирро дар ҷойгоҳи подшоҳон менишонад ва бар шарофати шариф ва сарварии сарвар ва азамати ғанӣ меафзояд.
Ва чӣ гуна одамизод гумон дорад, ки кори дину дунёяш беҳикмат фароҳам мегардад, дар ҳоле ки Худои азза ва ҷалла кори дунёву охиратро ҷуз бо ҳикмат муҳайё намесозад?!

Ва масали ҳикмати бидуни тоат, монанди ҷисми беҷон ё хоки беоб аст ва ҷисми беҷону хоки беоб ва ҳикмати бетоат, ҳеҷ фоидае надоранд.

Аз насиҳатҳои Луқмон ба фарзандаш

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тағйири сарнавишт
Садоқат дар тиҷорат ва хариду фурӯш

Матолиби пурбоздид