Илон Маск: “Хунрезӣ дар Укройн ба зудӣ поён меёбад”
Ахбори байналмилал
Илон Маск, миллиардери амрикоӣ, ки дар муборизоти интихоботии риёсати ҷумҳурии Омрико аз Дунолд Тромп ҳимоят карда буд, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Хунрезӣ дар Укройн ба зудӣ поён меёбад.”
Маск, ки молики ширкати расонаӣ иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) ба шумор меравад, бо ишора ба барномаҳои Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури тозаинтихобшудаи Омрико, барои ҳаллу фасли муноқиша дар Укройн, навишт: “Куштори бемаънӣ (дар Укройн) ба зудӣ поён хоҳад ёфт. Замон барои судҷӯёни ҷангталаб ба поён расидааст”.
Қаламонлайн