Имрӯз саъй мекунам беҳтар аз дирӯз бошам
Чанд гуфтор аз Арасту
«Ишқ инсонро аз дидани айбҳо манъ мекунад».
«Имрӯз саъй мекунам беҳтар аз дирӯз бошам».
«Касе, ки ба умеди шонс нишаста бошад, солҳост мурдааст».
“Аз тарзи даъвои зану шавҳар ба хубӣ метавон фаҳмид, ки мизони тарбият, фаҳм ва фарҳанги онҳо то чӣ андоза аст».
«Бояд аз бадӣ кардан бештар битарсем то бадӣ дидан».
«Бештарин таъсири афроди хуб замоне эҳсос мешавад, ки аз миёни мо рафта бошанд».
«Омӯзиши аҳмақ, умр ҳадар додан аст».
«Ҳар кӣ аз чизе битарсад, аз он мегурезад, аммо ҳар кӣ аз Худо битарсад, ба Ӯ паноҳ мебарад».
«Дар зиндагӣ вақте коре барои анҷом ё чизе барои ишқ варзидан ё бориқае барои умедвор будан доштед, бидонед фарди шоде хоҳед буд».
«Ҳамеша меъёре болотар аз он чӣ ки дигарон аз шумо интизор доранд, баргузинед».
Арасту
Қаламонлайн