Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст

Таърих

 

Инкори ҳақиқат кашфи фурсатталабон аст

Андешаҳо

 Луқмон Бойматов

Танҳо як хайр вуҷуд дорад, ки номи он дониш аст. (Суқрот)

* * *

Инсони Бузург нашавем, балки думболи инсон шудан бошем! Замоне ки чашмони ақл фирефтаи тасаввурҳои ғалат мешаванд, худбиниҳо дар зеҳнҳо мӯҳр мешаванд ва замоне ки худбинӣ дар зеҳнҳо ҳоким гардад, ҳаққи дониш ҳам зоеъ мешавад. Агар ҷомеъа фазлро хор кунад, зиндагӣ ба хорӣ кашида хоҳад шуд. Мавридеро барои мисол аз хоригии фазл меорам, ки рабте бар масоили сиёсӣ надорад ва он фақат ва фақат масъалаи ахлоқист.

Ахиран гузорише, ки дар шумораи сомонаи «Фараж» (аз таърихи 05. 11. с. 2015) ба чоп расид, ки дар он омадааст:

«Дар шаҳраки донишҷӯён воқеъ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Темурмалик», қаҳрамони халқи тоҷик бунёд карда мешавад… Дар ин маҷмаа пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизаи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад

Ҳаргиз зидди эҷоди марказҳо ва ё конунҳои фарҳангӣ — таърихие, ки боиси рушди фарҳанги миллату ҷомеъа мешаванд, нестам. Аммо ҳамеша зидди иқодомоти иддае, ки ниятҳои некро табдил ба як шиорҳову худамоиҳои бехуд мекунанд, ҳастам. Манзур навиштори зайл вокуниши илмие аст дар баробари иқдомоти судҷӯёнаи иддае аз масъулин. Саъй мекунам то нишон бидиҳам, ки барои ҳалли мушкилоти ҷомеъаи шаҳрвандӣ роҳи ҳаллҳо ва андешаҳои мақбули илмӣ-мантиқӣ ҳамеша ёфт мешаванд.

 

Кинаҳо пинҳон намемонанд

Аммо қабл аз ин ки, дар бораи моҳияти маҷмаъаи фарҳангии «Темурмалик» изҳори назар кунам, хостам ишораи кӯтоҳе бар мавориде намоям, ки метавон онро бидуни иғроқ, аз боризтарин намунаҳои беэҳтиромии масъулини вилоят нисбат ба ҷойгоҳи илму дониш талаққӣ кард.

Гуфтаанд, ки рақобат то замоне писандида аст, ки корро ба ҳасодат накашонад. Яке аз бадтарин суннати тоҷикон ин аст, ки ҳатто касби обрӯи илмӣ ва иҷтимоъиро хешро аз роҳи равобиту завобит ҷӯё мешаванд. Ва ин худ яке аз хатарноктарин омили фасодзо дар ҷомеъа аст.

Магар аз роҳи усули «ту ба ман ва ман ба ту» таъйид ва таъйини шудани тарҳи нишони Хуҷанд ба аҳли фарҳангу адаб пӯшидааст? Ба чӣ далел аъзои «муфтахари» комииссиони таъйини нишони шаҳри Хуҷанд тарҳеро қабул карданд, ки ҳаргиз мавриди баррасии умум қарор надошт? Суол ин аст. Оё изҳори назари донишмандону коршиносони ҷумҳурӣ роҷеъ ба тарҳи қабулшуда мавҷуд аст, ки дар нашрияе ба чоп расида бошад? Чӣ касоне ва чӣ гурӯҳе дар борааш изҳори назар карданд? Чунин ба назар мерасад, онҳое, ки дар тасмим ва таъйини тарҳи нишон доштанд, ё аз кӯчаи илми ҳуввиятшиносии таърихӣ нагузаштанд ва ё аз моҳияти илми гералдика ва рамзшиносӣ ба кулл бехабаранд.

Зоеъ шудани ҳаққи мардум, далели беэҳтиромии гурӯҳе аз масъулин бар усулҳои мардумсолорӣ аст. Дар кишвари ба ном ҳуқуқбунёд ва демокросӣ ҳаққи назар ва раъйи мардум, дар таъйини нишони шаҳр низ ба инобат гирифта нашуд. Ҳайъати комиссион ва ё «доварон»-и қазияи нишони шаҳр худ беҳтар аз дигарон медонанд, ки тасмимашон дар таъйини тарҳи нишони шаҳр бо тамомии маънӣ аз роҳи равобиту завобит сурат пазируфт, ки албатта, боиси шармсорист.

Зимнан, ин ҳама худхоҳиҳо дар ҳоле амалӣ шуд, ки назари бисёре аз саршиносони Хуҷанд дар боби нишони шаҳр, ба кулл дигар буд. Магар диди мусбати аҳли илму ҳунари ҷомеъа, аз қабили: Ҷӯрабек Мурод, Муҳиддин Хоҷазод, Акбар Турсон, Аскар Ҳаким, Абдуллоҷон Мирбобоев, Иброҳим Усмонов, Шокирҷон Ҳакимов, Фарзонаи Хуҷандӣ, Матлуба Хоҷаева, Аҳмадҷон Раҳматзод, Солеҳ Зарифзод, Абдумаҷид Бобоҷониён, Ҷалол Латипов, Шавкат Шарифов, Ҳабибулло Соатов, Фаррух Турсунов ва даҳҳо дигар аз фарҳангиёни кишвар дар бораи тарҳи нишоне, ки чандин маротиба дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ бо тамомии тафсилоташ ба табъ расида буд, арзиш надошт? Ё вусъати тафаккури ин афрод камтар аз тавони бинишҳои «аъзои коммисион» буд? Чӣ гӯем, ки амали номатлуб дар мисоли таъйиди нишони Хуҷанд ба гунаи возеҳ ошкор аст.

Ҳасодатҳову кинаварзиҳо, ғаразҳову худхоҳиҳое, ки махсуси ашхоси ҷоҳталаб ва нақшаву тарҳҳои пушти парда ба маънии амалӣ шуданӣ фасодҳоеанд, ки беадолатиро ҳамроҳ меоваранд. Албатта, ногуфтаҳо зиёданд, вале фурсатҳо кам. Баҳси наҳваи таҳия, таъйид ва моҳияти аслии нишони шаҳри Хуҷанд худ достони муфассалест, ки баёнаш дар ҷои муносибтаре хоҳад омад. Аммо ин лаҳза, бояд батаъкид гуфт, ки гурӯҳе аз фурсатталабон зери ҳимояти раёсати вилоят бо камоли худхоҳӣ тарҳеро ба унвони нишони шаҳр қабул карданд, ки бо тамоми буъдаш фоқиди ҳамаи арзишҳои илмиву инсонист.

Расидан ба ҳақиқат, ҳаргиз дер нест. Онон, ки дар гузаштаи начандон дур дидгоҳи илмии худро дар ҳузури «аъзои комиссион» эълом доштанд, чӣ хуш мешуд, дар сафаҳоти нашрияҳо ҳиммати худ эълом мефармуданд, то бидонем, ки афзалияти тарҳашон дар баробари тарҳҳои дигар дар чӣ будааст? Зимнан, омодагии хешро барои ҳар навъ баҳси илмӣ бо ҳаводорони тарҳи кунунии шаҳри Хуҷанд эълом медорам ва собит хоҳам кард, ки нишони кунунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар шаъни шаҳри Хуҷанд набуду нест.

 

Шитоб роҳест ба бероҳаҳо

Нигоҳе бар қазияи маҷмаъаи таърихӣ-фарҳангии ба номи «Темурмалик». Кош раёсати мӯҳтарами вилоят ва мушовирони илмии эшон, байни ҳақиқату ғайри ҳақиқат, илмиву ғайри илмӣ, росту дурӯғ ва дурустиву нодурустӣ тафовут қоил мешуданд. Кош, онон ба унвони масъулин аз он чӣ, ки мутолиа карда буданд, беҳтаринашро қабул мекарданд.

Шитоб роҳест ба бероҳаҳо. Ҳақиқати ин гуфтаҳо аз тасмим ва амалкарди ахири раиси вилоят ба гунаи возеҳ ҳувайдост. Аз рӯи одат раиси мӯҳтарам ва ҳаводорони эшон тарҳи нопухтаи хешро дар назди мардум чунон муҳим ҷилва бахшидаанд, ки баъйид нест, пас аз андак замон моҳияти аслиашро фаромӯш хоҳад кард. Магар ҳикмати таърих бар он надорад, ки ҳар чӣ ки аз роҳи осон омадааст, бо роҳи осон фаромӯш хоҳад шуд.

Аҷаб маҳзакае дар паҳнои таърих ба намоиш мегузоранд ин коргардонҳои нодони таърихи муъосир! Дар ҳақиқат, маълум нест, тарҳи мазкури масъулин ба хотири ободӣ ва ё ҳифзи ёди бузургону диловарони таърихи диёр аст?! Тафсирашон ҳам дар хусуси ин ки «барои донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард.» зиёда хандадор аст.

Пурсиш аз раёсати мӯҳтарам ин аст, ки агар ин маҷмаъаи таърихӣ-фарҳангӣ дар ҷазираи Оби Хуҷанд сохта шавад, донишҷӯёни хуҷандӣ аз «рӯҳияи худшиносиву ватанпарварӣ» маҳрум мемонданд? Ва ё агар ин маҷмаъа дар ҳамон хушкии руди Сир эҷод гардад, тавони «рӯҳияи дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ»-и ҷавонони шаҳр ва кори тарбияти онҳо мушкил мешавад?

Шояд нуқтаи атфи тарҳи раёсат дар дастури эшон ошкор аст, аз ҷумла ин ки «ба сохтмончиён, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур додааст, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб ибратбахши насли ҷавон бошаду барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ гардад.»

Дар ин дастури раёсати вилоят масхараи ғайримустақими донишмандон, бахусус коршиносони умури таърих ба ҳадди возеҳ ошкор аст. Чаро намехоҳем мутаваҷҷеҳ бошем, ки аз диди илми таърих ва меъёрҳои ҳунари меъморӣ амалӣ шудани ҳамчунин тарҳи «таърихӣ-фарҳангӣ», он ҳам дар шаҳраки донишҷӯён сарзанишест бар иззати таърих. Ё ҳақиқат гайр аз ин аст?

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ масъулини шаҳрдорӣ шаҳри Хуҷандро табдил ба лавҳи шатранҷ кардаанд. Чӣ басо шоҳидем, амире ва ё ҳокиме ба хостаҳои худ, ҷойи тандиси «қаҳрамонони миллӣ»-ро лаҳза ба лаҳза иваз мекунанд?! Баъйид нест, ин навъ «бозиҳо» идома хоҳад дошт ва замоне ҳам хоҳад расид, ки бозингарони дигар «пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизаи ӯ» аз шаҳраки донишҷӯён ба лаби дарёи Сир хоҳанд кашонд!

Ҷо ба ҷо кардани ашхоси таърихӣ суннати шаҳрдорӣ шуда ва маълум нест, ин навъ бозиҳои авомфиребонаи ҳокимони вилоят ба чӣ хотир аст? Беҳтар ин нест, ки масъули вақт ба ҷои пайкараҳои диловарони таърих, тандиси хешро насб кунанд, то мардум аз шарри ҳар навъ худбиниву худпараситиҳо раҳо бошанд?! Мутмаин бошем, қазовати аъмоли мо дар ихтиёри наслҳои оянда қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, нисбат бар андешаҳоямон бештар андешанок бошем.

Пазируфтани дурӯғҳои пинҳон осонтар аз дарки ростиҳои аъён аст. Ин чӣ беэҳтиромӣ бар дониши таърих бошад, ки тандисҳои шаҳирони гузаштаро берун аз маҳватаи таърихии шаҳри куҳан насб мехоҳанд кунанд? Таъаҷҷуб бештар мешавад аз он ки тарроҳони раёсати Суғд тандиси Темурмалик ва ёронашро дар ҷое мехоҳанд насб кунанд, ки бахше аз урдугоҳи сипоҳи душманонаш будааст. Яъне ҳудуди он сӯи оби Хуҷанд, аз ҷумла, маҳватаи шаҳраки донишҷӯён ва ҳаволии он бахше аз мавзеъе буда, ки муғулон бо ҳадафи шикасти хуҷандиён мавқеъи токтикӣ ва истротежӣ гирифта буданд. Ҷое буда, ки саҳронавардони хашину бераҳм ҳазорон тоҷикро маҷбур мекарданд, то аз доманаҳои кӯҳ барои садди оби Хуҷанд санг ҳамл кунанд.

Насби пайкараи Темурмалик ва ёрони ӯро дар ҷое, ки урдугоҳи васеъи муғулон (!) будааст, чи гуна маънӣ кард? Ба фикри ман, ин тасмими аз реша бехирадонаи таррроҳон ва натиҷаи шитобзадагии раёсати вилоят мебошад, ки дурустии вақеъятҳои таърихиро зери суол бурдааст.

Раёсати мӯҳтарам! Агар роҳи дурусти илм лозиматон нест, пас ба чӣ хотир кӯмак ва раҳнамоӣ аз олимон ва муаррихон мехоҳед? Он ҷо, ки як рӯ лозим аст, чаро дурӯягӣ аст касби мо? Бояд бияндешем, ки бо ҳамчунин иқдоми хатову лағзанда манзалати номи Темурмалик ва ёрони ӯро ба хоки зиллат мекашонем!

Гузашта, ин чӣ ҳимматест, ки масъулин ба ҷои ин ки собиқаи ҷазираи номбардори таърихро зиндаву обод кунанд, баръакс онро табдил ба «мурдоби таърих» дар макони нав мекунанд? Тарҳе, ки раис ва ҷонибдоронаш амалӣ мехоҳанд кунанд, на роҳи ҳифзи таърих, балки ба умқи маънӣ пок кардани ҳофизаи он аст. Ин бемантиқитарин гомест, барои беразиш кардани ҳамаи арзишҳои таърихӣ.

Кош, мефаҳмидем, ки агар бо шитобзадагӣ думболи корҳои пешипоафтода таваҷҷӯҳ дошта бошем, мутмаинан, тарҳҳои бузургу муҳим нахоҳем расид, чун шитобзадагӣ муҷиби лағзишҳоест ва он нияти некро ба халокат мекашонад. Зимнан, тарҳе, ки ин ҷониб дар нимаи тобистони соли ҷорӣ («Қутби гардишгарии Хуҷанд», нашрияи «Озодагон», 29 июл) ироа дода буд, тарҳе буд барои дарозмуддат ва моҳиятан милливу давлатӣ ва он ба мақсади ҳифзи хотираи таърих ва зикри ёди неки аҷдод ироа гардид. Аммо во дареғо, ки тарҳи судҷӯёнаи раёсат бо мақсади сӯзи касби обрӯи шахсӣ тадвин шудааст, на аз роҳи дилсӯзӣ.

Агар ҳадафи раёсат ғайр аз ин аст, пас ба чӣ далел ҷое, ки хуни шаҳидони роҳи озодиву саъодат рехта шудааст, обод намегардад?! Бифармоед, таъйиди тарҳи миллӣ ва давлатӣ ҷиҳати ободии ҷазираи Темурмалик чӣ нақзе дорад, ки сарфи назар доред? Сохтани макони ҷадиди «таърихӣ-фарҳангӣ» дар шаҳраки донишҷӯён аз рӯи кадом мантиқ сурат гирифтааст? Агар раёсати мӯҳтарам, ҳадди ақал як бор аз яке аз шаҳракҳои донишҷӯии кишварҳои пешрафта дидан мекард, чунин фикри бемояву бепоя бар сараш намеомад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андалус – II
Андалус

Матолиби пурбоздид