Интизор аз як мусалмон

 

Интизор аз як мусалмон

Чаро дашному таҳқир аз сӯи як мусалмон ба чашмон намоён мешавад, аммо таҳқиру тавҳинҳои муқаддасоти мусалмонон аз сӯи ғайри ӯ на танҳо намоён намешаванд, ки ҳатто гоҳе унвони “нақд” ҳам барои он медиҳанд?

Далелаш ин аст, ки тасаввур аз як мусалмони пойбанд ба шариат ин аст (ё лоақал мардум аз ӯ интизор доранд), ки ӯ як одами хушахлоқ аст, дашному таҳқир барозандаи ӯ нест, вай аз хатти қирмизҳо убур намекунад ва ӯ ҳалолу ҳаром мешиносад.

Ва ин интизор комилан баҷост. Мусалмон, ки аз сарчашмаи поку зулоли Қуръону суннат об менӯшад, воқеан ҳам бояд чунин бошад.

Аммо мардум аз ғайри ӯ ин интизорро надоранд, ӯро пойбанд ба чизе намедонанд, ӯро ба унвони фарде, ки ҳалолу ҳаром мешиносад намедонанд, аз ин рӯ ҳазорон бор ҳам, ки дар забони ӯ нисбат ба муқаддасот тавҳин ҷорӣ бишавад, ба чашмон намоён намешавад.

Бинобар ин, тавсияи бародаронаи банда ба ҷавонони мусалмон ин аст, ки ҳаргиз аз хатти қирмизҳо убур накунанд, ба касе ё чизе тавҳин накунанд, ки дар ин сурат танҳо худашонро беэътибор сохтаанд. Қуръони Карим дар айни он, ки тавҳин ба касе ё чизеро муҷоз намешуморад, ба такрор тавҳину таҳқирҳои душманони ҳазрати Паёмбар (с)-ро нақл карда ва он гоҳ ба Паёмбари азимушшаън (с) тавсия мекунад ба он тавҳинҳо эътиное накунад, ки ин тавҳинҳо заррае ба ойини илоҳӣ зарару зиён намерасонанд, ва ба фармудаи Мавлоно:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро ҳофизам,

Бешу камкунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам рофеъам,

Тоъинонро аз ҳадисат дофеъам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мекунанд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Хуфя мегӯянд номатро кунун,

Хуфя ҳам бонги намоз, эй зӯфунун!

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

То қиёмат боқияш дорем мо,

Ту матарс аз насхи дин, эй Мустафо!

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои истиғфор
Оламеро як сухан вайрон кунад…

Матолиби пурбоздид