Ироқчӣ: Шевае ба ҷуз музокираи ғайримустақимро намепазирем

Ироқчӣ: “Шевае ба ҷуз музокираи ғайримустақимро намепазирем”

Ахбори байналмилал

Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон гуфт:

“Шакли мавриди назари мо музокироти ғайримустақим ва далоили мо мушаххас аст. Ин ки онҳо бихоҳанд аз тариқи фишору таҳдид иродаашонро таҳмил бикунанд, ин музокира нест; дикта кардан аст.

Ба назари мо, шеваи ғайримустақим беҳтар метавонад як музокираи муассир ва натиҷабахшро тазмин кунад; ин навъ ба такрор дар таърих иттифоқ афтодааст ва ҳамин алъон ҳам музокираи байни Русия ва Укройн ғайримустақим аст.

Хабари расонаҳои хориҷӣ дар ин бора, ки қарор аст ибтидо музокирот ба сурати ғайримустақим ва сипас ба сурати мустақим бошад, беасос аст ва мо чунин қароре бо тарафи муқобил надорем”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп: Робитаам бо Эрдуғон олист
Фурӯтании сарватмандон

Матолиби пурбоздид