Иртиботи дониш бо рафтори инсон
Мактаби андеша
Сайидюнус Истаравшанӣ
Меҳвари ёддоштҳои қаблӣ ин буд, ки ҷомеаи мо ҷомеаи солим ва мӯътадиле нест. Ҳол, дар ин ёддошт мехоҳам ин бемориро решаёбӣ бикунам. Дар воқеъ мехоҳам ба ин пурсиш посух бинависам, ки иллат ва сабаб ва решаи ин ки ҷомеаи мо ҷомеаи солиме нест ва диндору бединаш ва ҳокиму маҳкумаш ҳолате мӯътадил надоранд чист?
Барои ёфтани посухи ин пурсиш, бо хонанда — бахусус хонандае, ки худро пойбанд ба дину шариат медонад – мехоҳам як баҳси таърихӣ бикунам.
Касе тардид надорад, ки қуруни вусто (асрҳои миёна), агар барои як ғарбӣ асри торикиву ҷаҳолат маҳсуб мешавад, аммо барои як мусалмон қуруни вустояш “асри тилоӣ” хонда мешавад. Инро ҳам арз кунам, ки иборати “асри тилоӣ” барои тавсифи асрҳои миёна дар ҷаҳони ислом, барои аввалин бор аз тарафи таърихнигорони ғарбӣ ба кор бурда шудааст, на худи мусалмонон.
Яке аз боризтарин ва барҷастатарин ҷилваҳои ин асри тилоӣ, ба шаҳодати таърих ва шаҳодати дӯсту душман, ин аст, ки ҷомеаи мусалмонон дар он аср, ҷомеаи солиме будааст. Агар бигӯям, так-таки афроди ҷомеаи он аср афроде мӯътадил ва таҳаммулгаро нисбат ба дигарандешон будаанд, ин иғроқ ва муболиға аст. Аммо агар иддао кунам, фазои ҳоким дар он замон, як фазои эътидол буда, иғроқ накардаам.
Ҳоло барои исботи ин муддао, як намуна арз мекунам; намунае, ки таърихнигорони мусалмон ва ғайримусалмон онро нақл кардаанд:
Маъмун, халифаи аббосӣ, ки худ фарде донишманд буд, ҳар аз гоҳе дар кохаш маҷлисҳои илмӣ барпо медошт, ва дар ин маҷолис, аз донишмандони ҳамаи тоифаҳо ва гароишҳо ва мактабҳои фикрӣ даъват мешуд, то дар як фазои комилан ором, бо ҳам ба баҳсу мунозираи илмӣ биншинанд. Аз донишмандон ва мутакаллимони мактабҳои фикрии исломӣ мисли мӯътазила ва ҷуҳамия ва аҳли ҳадис ва шиъа ва ғайра гирифта то уламои масеҳӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва сабаъӣ ва то фалосифа ва ҳатто уламои моддигаро – ки дар он замон ба даҳрия маъруф буданд – дар ин маҷолис ҳузур пайдо мекарданд. Баҳсҳои доғе дар мавзӯъҳои мухталиф, миёни эшон доир мешуд ва ҳар як аз онҳо, бо як озодии комил, ақоиду афкори худро ба миён мегузошт, ки агар касе эроду ишколе дошт, матраҳ мекард ва посухашро мегирифт. Таърих нақл мекунад, ки донишмандони моддигаро (даҳриҳо) дар ин маҷолис, дар як озодии комил ақоиду афкори худро мабнӣ бар ин ки Худое нест ва Муҳаммад (с) паёмбар нест, балки як муддаъист ва охирате нест ва ғайра, матраҳ мекарданд ва он вақт уламои исломӣ бо далелу бурҳон (на пархошу сару садо роҳ андохтан) ба посухи онҳо мепардохтанд. Хуб, инро таърих нақл мекунад. Агар касе тардид кунад, лутфан сафаҳоти таърихро варақ бизанад.
Ин ҳақиқати таърихии раднопазир, аз чанд воқеияти он даврон парда бармедорад:
1) Фазои ҳоким дар он даврон, лоақал дар байни дастгоҳи ҳокима ва донишмандон ва марокизи илмӣ агар нагӯем дар байни мардум, як фазои комилан мӯътадил ва мубтанӣ бар эҳтироми дигарандеш ва дигаркешу дигаройин буда.
2) Ғайри мусалмонон – мисли масеҳиён, яҳудиён, сабоиён, зардуштиҳо ва моддигароҳо (даҳриҳо) – дар он ҷомеа, аз озодии нисбӣ (агар нагӯем комил) дар ибрози ақоиди худ бархӯрдор будаанд ва касе музоҳими онҳо ба хотири афкору ақоидашон намешуда. Филмасал, агар як моддигаро бигӯяд, Худое нест, Муҳаммад (с) паёмбар нест ва инҳо ҳама дурӯғанд, инҷо дигар раги “ғайрати” мусалмонон баланд намешуда ва зуд ҳукми қатли ӯро содир намекарданд, балки дар як фазои комилан илмӣ ва озод, ба баҳсу мунозираи илмӣ бо ӯ менишастанд ва ба ҳарфаш гӯш месупурданд ва бо далелу бурҳон посухашро медоданд.
Ҳол, шумо лутф кунед, ин фазоро бо фазое, ки имрӯз дар ҷомеаҳои мусалмон ҳоким аст, шиъа ва суннии он, аз ҷумла ҷомеаи худи мо тоҷикон, муқоиса кунед. Фарқашон аз замин то бо осмон нест? Оё фикр мекунед, мусалмонони имрӯз аз мусалмонони он даврон мусалмонтар ва имонашон қавитару бештар аст? Оё мусалмонони имрӯз, масалан, боғайраттар аз мусалмонони он даврон ҳастанд? Қатъан чунин нест. Балки сабаб дар ҷойи дигар аст, ки ҳоло арз мекунам.
* * *
Ҳол, бояд дид, далели солиму мӯътадил будани ҷомеаи он даврони ҷаҳони ислом чӣ буда?
Посухаш бо андаке диққат ва мутолеа равшан мешавад. Сабабаш дар ин аст, ки мусалмонони он даврон, огоҳтару басиртару бинотар будаанд. Усулан, одам ҳар андоза аз назари дониш пур бошад, ӯ сабуртар, таҳаммулгаротар, бинотар ва мӯътадилтар мешавад, бахусус дар ноҳияи улуми исломӣ. Уламои исломие, ки аз дониши исломӣ пуранд, ҳатто дар ҳамин рӯзгори мо, ҳаргиз сару садо роҳ намеандозанд, одамони сабуру пуртаҳаммуланд, зуд фатво содир намекунанд, балки хеле муҳтоту боэҳтиёт ҳастанд дар ин замина, бавежа дар робита бо кофиру муртадд хондани касе, ва ин ҳолат ба хилофи камсаводҳои онҳост – ки мутаассифона имрӯза минбару масҷид бештар дар ихтиёри онҳост – ки доду войкуну сару садороҳандоз ҳастанд. Бинобар ин, ҳар миқдор одам аз илму дониш тиҳӣ ва холӣ бошад, ӯ ифротитар ва сабукмағзтар мегардад.
Инки мегӯям, сабабаш дониш аст, барои исботи ин муддао, ҳоло чанд шоҳид меоварам:
1) Магар на ин аст, ки бештари мактабҳои фикрӣ ва каломии исломӣ (мисли мӯътазила, ашоира, мотуридия ва ғайра…) дар ҷаҳони ислом, дар ҳамон даврон падид омада? Агар илму донише набошад, мактаби фикрӣ ҳам падид намеояд.
2) На танҳо мактабҳои эътиқодӣ ва каломӣ, балки мактабҳои фиқҳии мухталиф низ, зоидаи ҳамон даврон аст. Поягузорони мактабҳои фиқҳӣ, ҳама фарзандони ҳамон даврон ҳастанд мисли Имом Абӯҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Имом Молик, Имом Авзоъӣ ва ғайра. Як мазҳаби фиқҳӣ, масалан ҳанафӣ, ки бо мазҳаби шофеӣ фарқ мекунад, фарқи инҳо реша дар равиши фиқҳии соҳибонаш дорад. Яъне Имом Абӯҳанифа фақеҳе буда, ки равишаш дар истинботи аҳкоми шаръӣ, бо равиши Имом Шофеӣ фарқ мекарда. Хуб, инҳо ҳама ҳосили илму донишу табаҳҳури соҳибони ин мактабҳост.
Ва ин бад-он маъност, ки фуқаҳои он даврон, аз назари илму дониш, хеле пур будаанд, ки то ба имрӯз ҳамаи мусалмонони ҷаҳон резахори хони иҷтиҳоду назари онҳо боқӣ мондаанд.
Ин як шоҳид аст бар ин муддао, ки агар ҷомеаи он даврон ҷомеае мӯътадил будааст, далелаш пур будани мусалмонони он даврон — лоақал донишмандонаш — аз илму дониш буда.
3) На танҳо дар арсаи калому фиқҳ, балки дар ҳавзаи фалсафа ва улуми ақлӣ низ, вазъият аз ҳамин қарор аст. Фалосифаи исломӣ — ки то ба имрӯз ба онҳо ифтихор мекунем – ҳама фарзандони ҳамон даврон ҳастанд. Кендӣ фарзанди ҳамон даврон аст, Форобӣ фарзанди ҳамон даврон аст, Абӯалӣ ибни Сино фарзанди ҳамон даврон аст; фалосифае, ки назирашон дар қарнҳои баъд дигар зуҳур накард.
4) На танҳо дар арсаи калому фиқҳу фалсафа, ки ҳатто дар арсаи улуми таҷрибӣ низ вазъият чунин будааст. Магар Ҷобир ибни Ҳайёни шимидон зоидаи ҳамон даврон нест? Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ ва даҳҳо дигар аз донишмандони улуми таҷрибӣ, ҳама ва ҳама фарзандони ҳамон даврон ҳастанд ва аҷиб он, ки бештарашон муосири якдигар буданд ва пас аз онҳо ҷаҳони ислом аз тавлиди назири онҳо ақим гардид. Чун дару дарвози илму дониш ва озодии баён баста шуд, мутаассифона.
5) Калому фиқҳу фалсафаву улуми таҷрибӣ ба канор, дар арсаи адабу шеъру ирфон низ вазъият аз ҳамин қарор аст. Ҳам дар миёни арабҳо ва ҳам форсҳо, боризтарин удабо ва шуаро (агар нагӯем ҳамаи онҳо чун дар баъдҳо амсоли Ҳофиз ва Мавлоно падид омадаанд) дар ҳамон даврон зуҳур кардаанд, мисли Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ. Ҳоло чун аз Дақиқӣ ном бурдам, як паронтез (қавс) боз кунам. Ин оқои Дақиқӣ, ки таълифи манзумаи ҳамосии “Шоҳнома” ба дасти ӯ шурӯъ шуда ва сипас Фирдавсӣ кори ӯро идома дода, ин оқо як зардуштӣ буда, зардуштӣ ба тамоми маънои калимаи он. Ва аҷиб он, ки ӯ аз як хонаводаи мусалмон буда. Зеро номаш Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Тӯсӣ аст (мегӯянд, зодгоҳаш Самарқанд будааст), аммо касе коре ба кори ӯ надошт. Албатта, фарқи Дақиқӣ бо муддаиёни пайравӣ аз ойини зардушт дар имрӯз ин аст, ки Дақиқӣ ҳаргиз ба уламои мусалмони давронаш иҳонат намекарда. Ӯ донишмандони мусалмонро ҳаргиз ба алқобе назири “бузришу кӯсариш” ва дигар лақабҳои тавҳиномез намехонда, балки як донишманди хушахлоқу некрафторе буд. Асосан, донишманд бояд хушрафтору некӯкирдор бошад, на баддаҳану бадсигол.
Хулоса, ҳадафам аз баёни ин намунаҳо ин аст, ки агар мебинед як ҷомеа, ҷомеаи мӯътадилу солиме мебошад, далелаш илму донишу басирату биноии фарзандони он ҷомеа аст. Дар боло гуфтам, одам, бахусус як мусалмон, агар аз донишу илм пур бошад, ӯ мӯътадилу таҳаммулгаро хоҳад буд, на сару садороҳандоз, ки кори одамони бесаводу бедониш аст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн